spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Поинравии нархи гази моеъ дар Тоҷикистон пас аз болоравии босуръат

Нархи гази моеъ дар Тоҷикистон пас аз болоравии босуръат дар аввали ҳамин моҳ ва камёфт шудани он, тайи шабонарӯзи ахир каме поин рафт.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Арзиши сӯзишворӣ ҳамоно рӯ ба поён аст

Арзиши ин навъи сӯзишворӣ дар аввали моҳи ноябр дар Душанбе ба андозаи 18% – аз 6,20 сомонӣ барои 1 литр то 7,30 сомонӣ боло рафт. Мутаносбан дар ҳамаи минтақаҳои кишвар низ он гаронтар шуд.

Дар баробари босуръат болоравии нарх, ҳамзамон гази моеъ камёфт шуд, ки иштирокчиёни бозор сабаби қиматшавии онро ба ҳамин омил нисбат медоданд.

Дар баъзе нуқтаҳо сӯзишворӣ ба андозаи маҳдуд (10-20 литр барои як кас) фурӯхта шуда, дар баъзе нуқтаҳо он умуман дар фурӯш набуд.

Қобили зикр аст, ки қариб аз се ду ҳиссаи нақлиёти автомобилӣ дар ҷумҳурӣ бо гази моеъ кор мекунанд.

Лекин тайи ҳафтаи ахир қариб дар ҳамаи нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, ҳадди ақал дар нуқтаҳои фурӯши пойтахт гази моеъ ба фурӯш бароварда шуда, нархи он ҳам ба поинравӣ шурӯъ кард.

Чанде пеш 1 литр гази моеъ 7 сомонӣ нарх дошта, субҳи имрӯз бошад, аллакай бо арзиши 6,8 сомонӣ фурӯхта мешуд.

Чаро гази моеъ камёфт шуд?

Зимни суҳбат бо “Азия-Плюс” бисёре аз ронандагон ширкатҳои воридкунанда ва фурӯшандагонро дар ташкили ҳолати сунъии камёфт шудани он барои боло бурдани нарх гунаҳкор медонистанд.

Аммо ба ин бовар кардан душвор аст, зеро даромад аз фурӯши ҳама гуна маҳсулот бештар ба гардиш (фурӯш)-и он вобаста аст, на арзиши иловашудааш. Ғайр аз ин, дар ин бозор монополистҳое нестанд, ки байни худ кадом як маслиҳате карда бошанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Бо вуҷуди болоравии назарраси нарх, Тоҷикистон воридоти маҳсулоти нафтиро зиёд кард

Дар навбати худ ширкатҳои воридкунанда ва фурӯшандагон изҳор доштанд, ки чунин ҳолат дар робита ба корҳои таъмир дар корхонаҳои Қазоқистон, ки аз ҳамон ҷо сӯзишворӣ мегиранд, ба миён омад.

Онҳо таъкид карда буданд, ки корҳои таъмири зикршуда дар муддати на зиёдтар аз 10 рӯз ба охир мерасанд.

Қобили зикр аст, ки ҳудуди 90% аз ҳаҷми умумии гази моеъ ба Тоҷикистон аз Қазоқистон ворид мешавад. Дар ҳаҷми начандон зиёд инчунин аз Ӯзбекистон ва Русия оварда мешавад.

Ба интиқоли ин навъи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон қариб 20 ширкат машғуланд. Ҳиссаи ҳеҷ кадоме аз ин ширкат 20% зиёдтар аз ҳаҷми умумӣ нест.

Соли равон истеъмоли моҳонаи гази моеъ дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ҳудуди 35 ҳазор тоннаро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, арзиши гази моеъ дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ ба андозаи 15,8% поин рафтааст.

Моҳи декабри соли 2021 нархи миёнаи 1 литр гази моеъ дар ҷумҳурӣ 7,4 сомониро ташкил дод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...