spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Қарз аз пардохти андоз дар Тоҷикистон ба 105 млн доллар расид. Кӣ аз ҳама бештар қарздор аст?

Бақияи қарз аз пардохти андоз то аввали семоҳаи ахири соли равон 1 млрд 70 млн сомонӣ (105 млн доллар)-ро ташкил додааст, хабар медиҳад нашрияи Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон.

Дар хабар гуфта мешавад, ин нишондиҳанда 264 млн сомонӣ (ҳудуди 26 млн доллар) зиёдтар нисбат ба аввали соли ҷорӣ аст.

Бо вуҷуди ин, нақшаи ҷамъоварии андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар зарфи 9 моли соли равон 3% барзиёд иҷро шудааст.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, ҳудуди 68% аз ҳаҷми умумии даромади буҷети Тоҷикистонро дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ маблағи пардохти андозҳо ташкил медиҳад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Чӣ каму чӣ зиёд шуд? Шарҳи дақиқи кодекси нави андоз

Қаблан тобистони ҳамин сол раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки тақрибан 43% аз ҳаҷми умумии қарз аз андоз ба се шахси ҳуқуқӣ: НБО “Сангтӯда-1” – 244,6 млн сомонӣ, “Тоҷиктелеком” ва сохторҳои он – 123,3 млн сомонӣ ва ҶСК “НБО Роғун” рост меояд.

Ӯ таъкид дошта буд, ки масъулияти пардохти қарзҳои Неругоҳи “Сангтӯда-1” ба дӯши ШСХК “Барқи тоҷик” аст.

Қобили зикр аст, ки қарзи пардохтнашудаи ин неругоҳ аз ҷониби ШСХК “Барқи тоҷик” то охири моҳи октябри соли ҷорӣ ба зиёда аз 2 млрд 545 млн сомонӣ (ҳудуди 250 млн доллар) расид.

Дар сомонаи расмии “НБО Сангтӯда-1” он замон зикр шуда буд, ки аз оғози соли 2022 “Барқи тоҷик” аз ин неругоҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон ҳудуди 1,2 млрд киловатт-соат барқ гирифтааст. Сатҳи миёнаи пардохт аз оғози соли 2022 ҳамагӣ 33% аз арзиши барқи интиқолёфтаро ташкил додааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...