spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

БОР барои беҳбуди устуворӣ ба тағйирёбии иқлим ба Тоҷикистон боз 30 млн доллар медиҳад

Бонки осиёии рушд (БОР) грант ба маблағи 30 млн долларро барои тақвияти идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон маъқул шуморид.

Тавре ки дар хабари БОР зикр мешавад, қисмате аз ин маблағ барои истифода ҷиҳати коҳиши талафоти иқтисодӣ бар асари тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ ба нақша гирифта шудааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
БОР ба Тоҷикистон барои таъмиру навсозии роҳҳои ҷануби ҷумҳурӣ 43 млн доллар грант медиҳад

“Тоҷикистон ба тағйирёбии иқлим ниҳоят осебпазир аст: ҳамасола беш аз 400 офатҳои табиӣ, аз қабили обхезӣ, тарма ва ғайра рух медиҳанд, ки ба ҳаёти мардум ва иқтисодиёт таъсири ҷиддӣ мерасонанд”, – гуфтааст директори генералии БОР оид ба Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Евгений Жуков.

Ӯ зикр кард, ки гранти БОР омодагии кишварро ба офатҳои табиӣ баланд бардошта, ба иқтидори вокуниш дар баробари таҳкими устувории умумӣ ба тағирёбии иқлим таҳким мебахшад.

Дар хабар таъкид мешавад, ки лоиҳа ба гранти ҷории 10 млн доллар, ки аз ҷониби бонк дар соли 2018 барои идоракунии хатари офатҳои табиӣ дар банақшагирии рушд тасдиқ шудааст, илова мешавад.

Гуфта мешавад, гранти иловагӣ иқтидори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, агентии иҷрокунандаи лоиҳаро барои идоракунии офатҳои табиӣ тақвият хоҳад дод.

Интизор меравад, ки кумак инчунин воситаҳои пешгӯии обу ҳаво ва офатҳои табииро беҳтар сохта, низоми иловагии огоҳии барвақтиро таъсис диҳад.

“Офатҳои табиӣ одамонро аз воситаҳои пешбурди рӯзгор маҳрум карда, онҳоро ба тарки манзил водор мекунад. Лоиҳаи БОР дар бунёди манзилҳои тобовар ба офатҳои табиӣ, таҳкими иқтидори ҷамоатҳои маҳаллӣ ва мансабдорон ва беҳтар кардани иншооти аксуламал ба офатҳои табиӣ дар вилояти Хатлон кӯмак хоҳад кард”, – гуфтааст иқтисодчии БОР оид ба захираҳои табиӣ ва бахши кишоварзӣ Матиас Ляйтнер.

Дар хабар зикр мегардад, ки манзилҳои истиқоматӣ ба иқлим тобовар, бо об ва нерӯи барқи боэътимод ва иншоот барои занон, кӯдакон ва маъюбон таъмин хоҳанд буд.

Лоиҳа инчунин зерсохтори иҷтимоиро дар деҳаҳои ҳамсоя, аз ҷумла роҳҳои даромадгоҳ, пул, хатҳои барқ, марказҳои саломатӣ ва мактабҳоро беҳтар мекунад.

Ҷамоаҳои маҳаллӣ ва одамони муҳоҷир дар мавзӯъҳои инноватсия дар соҳаи кишоварзӣ ва зироатпарварӣ, инчунин малакаҳои гуфтушунидҳо барои баланд бардоштани даромад ва устувории ҷомеа таълим мегиранд.

Бонки осиёии рушд мададрасони асосии молиявии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, аз соли 1998 ба кишвар ба маблағи зиёда аз 2,5 млрд доллар, аз ҷумла 1,9 млрд доллар ба сифати грант кумак кардааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...