spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Тоҷикистон воридоти гандумро аз Қазоқистон кам карда, лекин содироти маҳсулоти худро зиёд кард

Давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2022 Тоҷикистон аз Қазоқистон ба маблағи умумии 194,7 млн доллар 596,1 ҳазор тонна гандум ворид кард.

Бино ба маълумоти хабаргузории «Зерно-онлайн» бо истинод ба ҶС «Центр развития торговой политики «QazTrade», дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта (700,9 ҳазор тонна) воридоти гандум аз рӯи ҳаҷм ба андозаи 15% кам шуда, лекин аз рӯи нарх – 18,3% ё худ 30,1 млн доллар афзудааст.

Гуфта мешавад, нархи миёнаи воридоти гандум аз Қазоқистон ба Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта 39% – то 330 доллар барои 1 тонна боло рафтааст.

Қобили зикр аст, ки байни маҳсулоти воридотӣ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон гандум дар зинаи аввал қарор дорад.

Тавре ки kaztag.kz хабар медиҳад, аммо сарфи назар аз коҳиши интиқоли зироати ғалладона, давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2022 ҳаҷми умумии савдои дуҷониба байни Қазоқистон ва Тоҷикистон 979 млн долларро ташкил дод, ки 22% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мебошад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Қазоқистон маҳдудият ба содироти зироати ғалладона ва ордро бекор кард. Ин ба Тоҷикистон чӣ медиҳад?

Тибқи иттилои хабаргузорӣ, ҳаҷми воридот аз Тоҷикистон ба Қазоқистон давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2022 ба миқдори 55,5% зиёд шудааст.

Гуфта мешавад, ҳаҷми содирот аз Қазоқистон ба Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2022 ба андозаи 7% афзуда, зиёда аз 591 млн долларро ташкил додааст.

Ба ғайр аз гандум, Қазоқистон ба бозори Тоҷикистон ба миқдори зиёд маргарин ва маҳсулот аз пӯлод интиқол додааст.

Дар навбати худ, Тоҷикистон ба Қазоқистон ба маблағи 122 млн доллар маъдану консентрати мис, то 15 млн доллар – хушкмева ва чормағз, ба маблағи 6 млн доллар – ангури тару тоза ва хушкшуда фиристодааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...