Ҳайати Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) ба нақша гирифтааст, ки ба дурнамои макроиқтисодии Тоҷикистон дар соли 2023 таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад кард.
Тавре ки шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи 5 декабр зимни вохӯрии раиси БМТ Ҳоким Холиқзода бо ҳайати ХБА таҳти сарварии Мэтю Гертнер изҳори назар шудааст.
Гуфта мешавад, Мэтю Гертнер гуфтааст, ҳайати ХБА нақша дорад диққати худро ба дурнамои макроиқтисодӣ дар соли 2023, чораҳои сиёсат оид ба баланд бардоштани устувории макроиқтисодӣ ва ислоҳоти аввалиндараҷа, ки барои таъмини рушди баланд ва фарогири миёнамуҳлати иқтисодӣ заруранд, равона созад.
Зимни ибрози назар дар бораи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо Хазина, бахусус бо БМТ, ӯ зикр кардааст, ки имсол дар бисёр соҳаҳои муҳими ҷумҳурӣ нишондиҳандаҳои хуби иқтисодӣ ба даст оварда шуданд.
Дар навбати худ, Ҳоким Холиқзода зикр намудааст, ки Тоҷикистон минбаъд низ ба сиёсати ислоҳотии худро идома медиҳад.
“Вобаста ба ин пешниҳод менамоем, ки ҳамкориҳои техникӣ бо ХБА дар самтҳои муҳим, аз қабили сиёсати монетарӣ, омор ва тавозуни пардохт, барномасозӣ ва сиёсати молиявӣ, рушди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, инкишофи низомҳои пардохт ва ғайра идома дода шаванд”, – зикр мешавад дар хабари БМТ.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои кам ё пешгирӣ намудани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, нигоҳ доштани устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва аз нав барқарор кардани музокирот оид ба Барномаи нави ХБА барои Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зикр мегардад, ки ҳайати ХБА таҳти роҳбарии Мэтю Гертнер аз 5 то 16 декабри соли 2022 дар Тоҷикистон қарор дошта, бо роҳбарон ва намояндагони як қатор вазорату идораҳои бахши иқтисодии кишвар мулоқот анҷом хоҳад дод.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон аз 27 апрели соли 1993 ба узвияти ХБА пазируфта шуд. Ҳамкории воқеӣ байни ҷонибҳо соли 1995, вақти дар Душанбе боз шудани намояндагии ин созмон оғоз шуд.