Давоми моҳҳои январ-октябри соли 2022 ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 155,2 млн доллар ҳудуди 329 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.
Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 воридот аз рӯи вазн ба андозаи 11,1% ва аз рӯи арзиш – 11,3% кам шудааст. Дар ҳамин ҳол, арзиши воридоти як тонна гази моеъ ба ҳисоби миёна қариб бетағйир – 487 доллар боқӣ мондааст.
Зиёда аз 86,2%-и ин навъи сӯзишворӣ аз Қазоқистон, ҳудуди 8% – аз Ӯзбекистон, зиёда аз 5,5% – аз Русия ва 0,3% – аз Туркманистон харида шудааст.
Воридоти қисми зиёдтари гази моеъ аз Қазоқистон бо арзонтар будани он дар ин кишвар маънидод мешавад: нархи миёнаи як тонна гази воридотӣ аз Қазоқистон 483 доллар, Ӯзбекистон – 505, Русия – 514 ва Туркманистон – 804 долларро ташкил медиҳад.
Нархи гази Қазоқистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 қариб бетағйир боқӣ монда, гази Ӯзбекистон қариб 2%, газ аз Русия – 17,8% арзон шуд, лекин гази Туркманистон баръакс, 1% қимат шудааст.
Дар ҳамин ҳол, дар муқоиса бо 10 моҳи соли гузашта дар ҳамин давраи соли ҷорӣ воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз рӯи вазн ба андозаи 30,1% ва аз рӯи арзиш – 80% зиёд шуд. Давоми моҳҳои январ-октябри ҳамин сол аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон 645 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст.
Ҳудуди 90%-и ин навъи маҳсулот тариқи имтиёзнок (бидуни пардохти боҷи содиротии гумрукӣ) аз Русия оварда мешавад.
Нархи чаканаи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Тоҷикистон аз оғози сол ба андозаи 15,1%, бензин – 10,9% поин рафта, арзиши сӯзившории дизелӣ (солярка), баръакс – ба миқдори 16,1% боло рафт.