Вазирони энергетикаи Тоҷикистону Эрон дар нишасти дурӯзаи Кумиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон беш аз 25 санад имзо кардаанд ва иброз доштанд, ки мулоқоту дидорҳои дуҷониба босамар буд.
Ҳайати Тоҷикистонро вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа ва ҳайати Эронро вазири нерӯи ин кишвар Алӣ Акбар Меҳробиён роҳбарӣ намуданд.
Тавре ВКХ-и Тоҷикистон аз ин нишаст хабар медиҳад, ҷонибҳо дар Теҳрон масъалаҳои рушду тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар самтҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, илму маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, обу энергетика, телевизион ва радио, ҳамлу нақл ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ба иттилои хабаргузории эронии IRNA, Алӣ Акбари Меҳробиён, вазири энергетикаи Эрон, гуфтааст, дар ду рӯзи нишаст, кумитаҳои муштараки ду кишварҳо ба фаъолият шурӯъ карданд ва дар музокирот ба созиш расиданд.
Таъмини нерӯи барқ ба Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ
Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва оби Тоҷикистон дар Теҳрон гуфт, мо метавонем, бо ҳамкориҳои Эрон ва зарфиятҳои мавҷуд дар Тоҷикистон нерӯи барқро ба Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ таъмин кунем.
Ба гузориши IRNA, Далер Ҷумъа афзуд, умед дорем, ки ҳаҷми табодули иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон бо фароҳам овардани замина ва зербиноҳои зарурӣ афзоиш хоҳад ёфт.
“Албатта, мо дар бахшҳои фарҳангӣ, сиёсӣ, саноатӣ, сайёҳӣ ва ғайра ҳамкорӣ хоҳем кард”, – таъкид кардааст вазири тоҷик.
Бунёди ин нерӯгоҳҳо бо нерӯи ширкатҳои эронӣ
Далер Ҷумъа дар нишасти мазкур гуфтааст, Тоҷикистон дар заминаи нерӯгоҳҳои обӣ тарҳҳои муҳим дорад ва мо саъй дорем, ки дар бунёди ин нерӯгоҳҳо аз нерӯи ширкатҳои эронӣ истифода кунем.
“Тоҷикистон нақша дорад нерӯгоҳҳои барқи обии нав бунёд кунад ва иқтидори истеҳсоли барқро афзоиш диҳад. Мо бо таваҷҷуҳ ба имконоти ширкатҳои эронӣ талош дорем, ки ин ширкатҳо дар барномаи афзоиши зарфияти нерӯгоҳи Тоҷикистон иштирок кунанд”, – гуфтааст ӯ.
Ҳамин тавр, вазири энергетика дар бораи зарфияти захираҳои обии Тоҷикистон гуфтааст, бо ин бартарият тарҳҳои нерӯгоҳи барқи обиро барои Тоҷикистон камхарҷ мекунад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки солҳо дар Тоҷикистон “лимит”-и барқ ҷорӣ шудааст ва дар сардиҳои зимистон мардуми кишвар бебарқ мемонанд.
Мактаби Рӯдакӣ дар Душанбе боз мешавад
Ҳамин тавр, ИРНА хабар медиҳад, ки Алӣ Акбари Меҳробиён, вазири энергетикаи Эрон гуфт, дар ин нишаст кумитаи тиҷорат, бонкдорӣ ва суғурта тавофуқот ба даст оварданд.
Ӯ тавофуқи дигари нишастро дар таҳсилоти олӣ, маориф ва мероси фарҳангӣ зикр карда, гуфтааст, дар мавриди боз кардани як мактаб дар Душанбе ба тавофуқ расидаанд.
“Мактаби Рӯдакӣ дар Душанбе солҳои пеш бунёд гашта буд, вале фаъолият намекард, ҳоло тасмим гирифтем, ки он мактабро дар Тоҷикистон боз кунем”, – гуфтааст Меҳробиён.
Созишномаҳо дар самти тиб ва нақлиёт
Алӣ Акбари Меҳробиён гуфтааст, дар 10 самти афзалиятноки соҳаи тиб созишҳо ҳосил шуданд.
“Тавофуқҳои хубе дар бахши ғизо ва доруворӣ ҳосил шуд, ки интизор меравад, ба зудӣ амалӣ шавад”, – гуфт ӯ.
Меҳробиён ҳамин тавр созишномаи дигарро дар робита ба бахши нақлиёт, кишоварзӣ, иртиботот ва фанноварӣ номид, ки дар он миёни устони Хуросони Разавӣ ва Тоҷикистон тавофуқот ҳосил шудааст.
Вазири энергетикаи Эрон гуфтааст, дар бахши нафту маҳсулоти нафтӣ тавофуқот ҳосил шуд ва афзуд, вазири энергетика ва оби Тоҷикистон аз коргоҳи “Mapnai Group”-и Эрон боздид кард.
Дар ин баробар, гуфта мешавад, дар шаҳри Машҳад дар Эрон рӯзи 21-уми декабр конфронс бахшида ба имкониятҳои равобити савдои Тоҷикистону Эрон ва сармоягузорӣ дар тиҷорат баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки нишасти 15-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон таҳти раёсати вазирони энергетика ва оби Тоҷикистон ва Эрон рӯзҳои 5-6-уми декабр дар Теҳрон баргузор гардид.