Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2022 даромади операторони алоқаи Тоҷикистон 2 млрд 644 млн сомонӣ (ҳудуди 260 млн доллар)-ро ташкил дод, хабар медиҳад Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ.
Ин нишондиҳанда 14,4% ё худ 332,4 млн сомонӣ (32,6 млн доллар) зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 дар ифодаи номиналӣ мебошад.
Аз ҷумла, даромади оператори миллии алоқаи “Тоҷиктелеком”, КВД “Почтаи Тоҷик” ва воҳидҳои сохтории Хадамоти алоқаи дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ 4,6% афзуда, 146 млн сомониро ташкил доданд.
Операторотони хусусӣ, ки 94,5%-и бозори алоқаи кишвар ба онҳо рост меояд, дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ 2 млрд 172 млн сомонӣ пул кор кардаанд, ки 15% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аст.
Шумори корбарони Интернет то 1-уми октябри соли 2022 ҳудуди 3,6 млн нафар ва муштариёни алоқаи мобилӣ беш аз 6,4 млн нафарро ташкил дод, ки 5,5 млн нафарашон муштариёни фаъол мебошанд.
Айни замон дар бозори алоқаи мобилии Тоҷикистон ширкатҳои зерин мавқеи асосӣ доранд: ҶСП «Индиго Тоҷикистон» (Tcell), ҶСП «ТТ-Мобайл» (МегаФон Тоҷикистон), ҶСП «Вавилон Мобайл» ва ҶДММ «Таком» (ZetMobile, собиқ Beeline).
Дар ҳамин ҳол, дар радабандии навшудаи Speedtest Global Index аз рӯи суръати интернети васеъхати сабтшуда байни 180 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон дар зинаи 116-ум қарор дорад. Суръати миёнаи боргирӣ (скачивание)-и интернети ноқилӣ дар ҷумҳурӣ 26,73 Мб/с ва боргузорӣ (загрузка) – 29,72 Мб/с зикр шудааст.
Аз рӯи суръати интернети мобилӣ бошад, Тоҷикистон миёни 141 кишвар аз охир дар зинаи 4-ум қарор дорад. Поинтар аз Тоҷикистон танҳо Венесуэла, Афғонистон, Куба ва Гаити ҷойгир шудаанд.
Замоне Тоҷикистон дар ин самт яке аз пешсафҳо буд…
Нимаи солҳои 2000-ум Тоҷикистон дар ин самт байни 17 кишвари ҷаҳон қарор дошта, дар ин ҷо бори аввал технологияи 3G санҷидаву мавриди истифода қарор гирифт, инчунин ҷумҳурӣ ба кор бо технологияи 4G оғоз кард.
Дар зарфи 4-5 сол шумори муштариёни интернет дар кишвар то 3 млн нафар расид. Бозори он замон кушода ба операторони мобилӣ имкон, ки даромад гирифта, қисмате аз онро ба рушди зерсохтор равона кунанд.
Ба туфайли хидматрасонии хушсифат ба муштариён, нархҳои начандон баланд ва муҳити бештар озод, даромади ширкатҳои мобилӣ мунтазам боло мерафтанд. Соли 2009 даромади операторон ҳудуди 320 млн долларро ташкил дод.
Аммо шурӯъ аз соли 2010 дар роҳи рушди соҳа монеъаҳо ба вуҷуд омада, ҳукумат ба ҳамаи хидматрасониҳои алоқа дар ҳаҷми 3% аксиз ҷорӣ кард. Баъдан ин меъёр то 5% ва аз 1 январи соли ҷорӣ – то 7% боло рафт. Ҳамчунин чанде аз операторони мобилӣ ҷаримабандӣ шуданд. Соли 2014 ширкати “Вавилон-М” ба маблағи 341 млн сомонӣ ҷарима шуд. Ширкат талош варзид, ки дар додгоҳҳо аз ҳуқуқаш ҳимоя кунад, вале бенатиҷа.
Соли 2016 «Таком» (Beeline) ба маблағи 354 млн сомонӣ, “Tcell” – ба маблағи 155 млн сомонӣ ва “Мегафон Тоҷикистон” – ба маблағи 151 млн сомонӣ ҷарима шуданд.
Охири моҳи декабри соли 2015 Хадамоти алоқа Маркази ягонаи коммутатсионӣ (МЯК) таъсис дод, ки тавассути он хадамоти алоқаи байналмилалӣ ва интернетии ҳамаи операторҳо ва ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерҳо)-и кишвар ҷамъу ба танзим дароварда мешаванд. Ба истилоҳи дигар, Хадамоти алоқа бозорро пурра зери монополия (инҳисор)-и худ гирифт.
Ҳукумат зарурати ташкили чунин марказро таъмини амнияти кишвар маънидод кард. “Тоҷиктелеком” ба фурӯши интернет ба операторони хусусӣ бо нархи ду баробар зиёдтар аз нархе, ки онҳо онро бевосита худашон аз хориҷи кишвар мегирифтанд, оғоз намуд.
Бар асари ин ва боз бисёр “тадбирҳо”-и дигар операторон аллакай қодир набуданд, ки барои рушди худ маблағи кофӣ равона созанд. Тиҷорати алоқаи мобилӣ ҷолибияти худро гум карда, худи соҳа ба пулро аз даст додан оғоз кард.
Сармоягузорони хориҷӣ ба тарки бозори телекоммуникатсионии Тоҷикистон шурӯъ намуданд.
Аз ҷумла, холдинги VEON Ltd-и Голландия оператори Таком» (тамғаи Beeline»)-ро ба ZET Mobile Limited-и Тоҷикистон ва ширкати Telia бастаи саҳмияҳои Tcell-ро ҳамроҳи ҳамаи уҳдадориҳои пардохти андоз ба Фонди Оғо Хон оид ба рушди иқтисодӣ фурӯхтанд.
Боз як оператори алоқаи мобилӣ бо сармояи Чин – TK-Mobile худро муфлис эълон кард.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба парлумон дар моҳи декабри соли гузашта бори навбатӣ истифодаи беҳад зиёди телефонҳои мобилиро аз ҷониби аҳолӣ мавриди интиқод қарор дод.
Дар паём зикр гардид, ки “тайи 10 соли ахир барои истифодаи алоқаи мобилӣ аҳолии кишвар 30 млдр сомонӣ маблағ харҷ кардааст”.
“Ин қариб 3 млрд доллар аст, – иброз дошт ӯ. – Ин пули кам нест. Бо ин маблағ мо сохтмони неругоҳи Роғунро ба охир расонида метавонистем”.
Сарвари давлат ҳамчунин изҳор дошт, ки аҳолии кишвар ҳамасола ба операторони мобилӣ, ки 90%-ашон ба ширкатҳои хориҷӣ тааллуқ доранд, 3 млрд сомонӣ пардохт мекунад.
Ёдрас мекунем, ки бо қарори ҳукумат дастрасӣ ба алоқаи мобилӣ ба муштариёне, ки то 15 феврали соли 2023 симкортҳояшонро бо ID-шиносномаҳо ба қайд намегиранд, қатъ мешавад.
Намояндаи доимии собиқи Бонки ҷаҳонӣ дар ҷумҳурӣ Ян-Петер Олтерс моҳи марти соли гузашта изҳор намуд, ки дар Тоҷикистон нархи хидматрасониҳои интернет баланд ва дастрасӣ ба он маҳдуд аст, бахусус дар деҳот, ки зиёда аз 70%-и аҳолӣ дар он ҷо зиндагӣ мекунад.
“Чунин истифодаи маҳдуди интернет ба рушди иқтисодӣ, аз ҷумла такмилу навсозии бахшҳои саноати кишвар монеъа эҷод мекунад”, – гуфта буд Олтерс.