Лоиҳаи сохтмони канали киштиронӣ аз Хазар (Каспий) ба Халиҷи Форс пас аз ҷорӣ шудани таҳримҳои дастҷамъона алайҳи Русия аз ҷониби кишварҳои Ғарб ба масъалаи рӯмарра табдил ёфтааст. Ин чӣ гуна лоиҳа асту барои Тоҷикистон чӣ судмандиҳое дорад?
Имкони сохтмони ин роҳи обиро Русия ва Эрон дар ҳамдастӣ бо дигар кишварҳои ҳавзаи Хазар дар сатҳҳои гуногун баррасӣ мекунанд.
Президенти Русия Владимир Путин тобистони соли равон дар нишасти Хазар дар Ашқобод зикр кард, ки пешниҳоди ҳамтоҳои худро дар бораи роҳандозии долон (коридор)-и байнулмилалии нақлиётии “Шимол-Ҷануб” комилан дастгирӣ мекунад. Канали киштиронии Хазар – Халиҷи Форс таркиби калидии ин долон маҳсуб меёбад.
“Дар ҳақиқат ҳам ин лоиҳаи бузургмиқёси нақлиётӣ бо масофаи 7200 километр – аз Санкт-Петербург то бандарҳои Эрон ва Ҳиндустон мебошад”, – гуфт Путин.
Ӯ илова намудааст, ки роҳандозии долони пешбинишуда ба табдил додани минтақаи Хазар ба ҳалқаи бузурги байнулмилалии логистикӣ равона шудааст.
Коршиносон бар ин назаранд, ки татбиқи ин лоиҳа ба Русия ҷиҳати дастрасии кӯтоҳтарин ба ҳавзаи уқёнуси Ҳинд бидуни гузаштан аз гулӯгоҳҳои Туркия, барқарор намудани занҷираҳои тиҷоратӣ, тавсеъаи онҳо ва бунёди зерсохтори муосири нақлиётӣ имкон медиҳад.
“Дар аввал дар назар буд, ки долони байнулмилалиии нақлиётии “Шимол-Ҷануб” тариқи Хазар кишварҳои назди Балтика ва Ҳиндустонро мепайвандад ва барои Русия танҳо транзитӣ мешавад. Вале дар шароите, ки Аврупо баста шуд, он метавонад яке аз хатсайрҳои асосии интиқоли бор ба/аз Русия шавад”, – иброз доштааст ба “Российская газета” директори Маркази таҳқиқотӣ ҷамъиятӣ-сиёсӣ Владимир Евсеев.
Эрон ҳанӯз чандин сол пеш изҳор дошта буд, ки қадамаи нахустин оид ба сохтмони канал аз Хазар то Халиҷи Форс бунёди роҳи оҳан байни бандарҳои Анзалӣ ва Бандар-Аббос хоҳад буд. Ин шоха аллакай сохта мешавад ва ба истифода додани он ояндаи наздик ба нақша гирифта шудааст, ки ба гирифтани хок ва сохтани ҳалқаҳои сершумор имкон фароҳам месозад.
Ба сохтмони канали пешбинишуда инчунин дигар кишварҳои Назди Балтика – Озарбойҷон, Қазоқистон ва Туркманистон, кишварҳои Уқёнуси Ҳинд ва Чин низ манфиатдор буда, омодаанд, ки қисман ин лоиҳаро маблағгузорӣ намоянд.
Дар бораи лоиҳаи баҳри Хазар – Халиҷи Форс чӣ маълум аст?
Ақидаи сохтмони канали мазкур таърихи зиёда аз якасра дорад. Русияи подшоҳӣ ва баъдан Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) низ чандин маротиба бо Эрон дар мавриди сохтмони канали киштиронӣ аз баҳри Хазар ба Халиҷи Форс гуфтушунидҳо карда буданд.
Ин ҷо сари сохтмони канали киштиронӣ дар қаламрави Эрон бо масофаи ҳудуди 700 км сухан меравад. Лекин дар баъзе маълумот гуфта мешавад, 700 км ин дарозии тахминии хати рост аз баҳри Каспий то Халиҷи Форс мебошад.
Зикр мегардад, ки дарвоқеъ дар Эрон ду хатсайр – ғарбӣ ва шарқӣ мавриди баррасӣ қарор дошт.
Сохтмони роҳи ғарбӣ, ки тақрибан 1000 км дарозӣ дорад, қисман (400 км) дар қад-қади маҷрои дарёҳои киштирон ба нақша гирифта шудааст.
Бунёди роҳи ғарбӣ аз соҳилҳои ҷанубу шарқии Хазар ба Халиҷи Уммон дар назар аст. Масофаи он – ҳудуди 1500 километрро ташкил медиҳад.
Бино ба ҳисоби мутахассисони эронӣ, ки солҳои 2012-2013 анҷом дода шудааст, барои сохтмони ин роҳ ҳадди ақал 10 млрд доллар лозим аст. Аммо худкифоии лоиҳа метавонад аллакай аз соли панҷуми истифодаи он оғоз гардад.
Аз замони мавриди баҳарбардорӣ қарор гирифтани канал даромад аз транзитҳо барои Русия наздики 1,4 млр доллар, барои Эрон – ҳудуди 1,7 млрд долларро ташкил дода метавонанд.
Баҳри Хазар бузургтарин обанбори бо хушкӣ иҳоташуда дар рӯи Замин мебошад. Хати соҳили он 7000 км-ро ташкил дода, аз қаламрави Русия, Қазоқистон, Туркманистон, Эрон ва Озарбойҷон мегузарад.
Ба Тоҷикистон чӣ манфиат меорад?
Коршиносоне, ки “Азия-Плюс” бо онҳо дар ин бора суҳбат кард, ақидаи ягонаашон ин аст, ки мавҷуд будани канали киштиронӣ аз Хазар то Халиҷи Форс, бешубҳа барои Тоҷикистон манфиатовар аст, зеро ҷумҳурӣ амалан ба Уқёнуси ҷаҳонӣ на дар ҷануби Эрон ё Покистон, балки дар ғарби Туркманистон ё Қазоқистон дастрасӣ пайдо мекунад.
Ин мавқеъ хеле одӣ ва возеҳ асоснок мешавад, яъне боркашонӣ тариқи баҳр ҳоло ҳам тарзи арзонтарини расонидани бор ба шумор меравад. Ҳамчунин қисмати зиёди арзиши аслии молу маҳсулот аз ҳисоби ҳамлу нақл ё худ интиқоли он аз як ҷой ба ҷойи дигар тагшаккул меёбад.
Коҳиши хароҷот ба интиқоли бор арзиши аслии онро кам мекунад ва мутаносибан даромади боркашонҳо зиёд мешавад, ки ба коҳиши нархи ниҳоии молу маҳсулот мусоидат менамояд. Яъне ҳамаи иштирокчиёни бозор бурд мекунанд.
Лекин тақрибан ҳамаи ҳамсӯҳбатони "Азия-Плюс" низ дар мавриди нокомии тарҳи пешниҳодшуда мувофиқанд.
Аз ҷумла, ақидаҳое вуҷуд доранд, ки Ғарб бо ҳар роҳ аз бунёди ин канал ҷилавгирӣ хоҳад кард, зеро сохтмони он як воситаи саркашӣ аз таҳримҳо барои Русия арзёбӣ мешавад.
Зимнан, ин тарҳ дар бастаи таҳримҳои кишварҳои аврупоӣ ва Амрико алайҳи Эрон дар охири қарни гузашта шомил аст. Кор то ҷое расида буд, ки ба ҳама ширкатҳо ва кишварҳое, ки қасд доштанд дар иҷрои ин тарҳ ягон кумаке кунанд, бо сангинтарин таҳримҳо таҳдид карданд.
Мавриди зикр аст, ки барои шарҳи ин тарҳ ба намояндагони бархе аз созмонҳои байнулмилалӣ, ки дар Душанбе кор мекунанд, муроҷиат кардем. Ва ҳама аз сӯҳбат дар ин мавзӯъ ба таври қатъӣ худдорӣ карданд …
Пешниҳодҳо низ ҳастанд, ки Русия дар шароити феълии хароҷоти зиёди молӣ имкони сармоягузорӣ ба ин тарҳро надорад, ки хароҷоти зиёд низ тақозо мекунад.
Ғайр аз ин, бархе аз коршиносон ғайриимкон будани сохтмони канали фаромарзиро бо он шарҳ медиҳанд, ки Туркия мухолифи аслии ин тарҳ аст, зеро шоҳроҳи пешниҳодшудаи киштиронӣ бо гулӯгоҳҳои Туркия – Босфор ва Дарданел рақобати мустақим эҷод мекунад. Инчунин ба ҷуз Русияву Эрон, ҳамаи кишварҳои ҳавзаи Хазар туркзабон буда, солҳои ахир бо раҳбарии Анқара созмонҳои мухталифи ҳамгироӣ таъсис медиҳанд.
Амалисозии ин лоиҳа бошад, танҳо дар сурати ризоияти тамоми кишварҳои ҳавзаи Хазар имконпазир аст.