Шаҳрвандони Тоҷикистон имкони хуби қонунӣ кардани металлу сангҳои қиматбаҳоеро доранд, ки ба таври ғайриқонунӣ ба даст овардаанд ё бо пули ғайриқонунӣ харида шудаанд. Мо мефаҳмонем, ки кӣ, дар куҷо ва чӣ тавр ин корро карда метавонад.
Сухан дар чӣ хусус меравад?
Қонунигардонии металлу сангҳои қиматбаҳо дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” амалӣ карда мешавад.
Қонуни мазкур аз 5-уми июли соли 2021 мавриди амал қарор гирифт эътибори қонунӣ пайдо кард. Дар ибтидо қонунигардонӣ барои 1 сол пешбинӣ шуда буд, аммо моҳи июни соли ҷорӣ ин қонун барои як соли дигар – то 4 июли соли 2023 тамдид карда шуд.
Ин иқдоми якдафъаина ҳамчунин қонунигардонии ихтиёрии маблағ ва молу мулкро низ дар бар мегирад.
Қонунигардонӣ соҳибони чунин дороиҳоро ба таври худкор аз ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷиноятӣ озод мекунад, инчунин андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳоро мебахшад.
Маълумот дар бораи дороиҳо ва маблағҳои қонунӣ, инчунин соҳибони онҳо махфӣ мебошад. Фош кардани чунин маълумот танҳо аз ҷониби суд иҷозат дода мешавад.
Кӣ ва чиро қонунӣ карда метавонад?
Металлу сангҳои қиматбаҳоеро, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ғайриқонунӣ истихроҷ шудаанд ва ё бо маблағҳои дар эъломияи даромад зикрнаёфта (ҳам дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар хориҷа) ба даст оварда шудаанд, қонунӣ гардонидан мумкин аст.
Шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ, инчунин муассисон ва саҳмдорони шахсони ҳуқуқӣ метавонанд металлу сангҳои қиматбаҳоро қонунӣ кунанд.
Қонунигардонӣ нисбат ба металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, ки бояд дар асоси санади судӣ мусодира карда шаванд ва ё нисбати соҳибони онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ ё маъмурӣ оғоз карда шуда бошад, татбиқ намегардад. Он инчунин ба моликияти маҳкумшудагон дахл надорад.
Кадом гуноҳҳоро мебахшанд?
Шаҳрвандоне, ки дар давраи амали қонун металлу сангҳои қиматбаҳоро қонунӣ мегардонанд, мавриди афв қарор гирифта, тибқи ду моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷавобгарӣ озод мешавад.
Моддаи 284. Бастани аҳди ғайриқонунии бо металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қимматбаҳои табиӣ ё марворид
Барои муомилоти ғайриқонунӣ тибқи ҳамин модда, вобаста ба вазнинии кирдори содиршуда, ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то 3 сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то 3 сол ҷазо дода мешавад.
Ҳамин кирдор, агар такроран, ба миқдори калон ва аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад, ҷазо дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол пешбинӣ шудааст.
Кирдорҳои дар ҳамин модда пешбинишуда ҳамон вақт ба миқдори калон содиршуда эътироф карда мешаванд, ки агар арзиши металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳои табиӣ ё марворид, ки мавриди муомилоти ғайриқонунӣ гардидаанд, аз як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёдтар бошад.
Моддаи 285. Вайрон кардани қоидаҳои ба давлат супоридани фулузот ва сангҳои қиматбаҳо
Барои саркашӣ кардан аз ҳатман ба аффинаж супоридан ё ҳатман ба давлат фурӯхтани металлҳои қиматбаҳо ё сангҳои қиматбаҳои аз қаъри замин истихроҷшуда ё аз ашёи хомими муштақ ба дастовардашуда ҳамчунин бардошташуда ё ёфташуда, агар ин кирдор ба миқдори калон содир шуда бошад ҷарима ба андозаи аз 250 то 547 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то 3 сол ҷазо дода мешавад.
Дар ин моддаи қонун низ таъкид меашвад, ки вайрон кардани қоидаҳои супоридан ё фурўши фулузот ва сангҳои қимматбаҳо ба давлат вақте ба миқдори калон содиршуда шуморида мешавад, ки агар арзиши молу маҳсулоти дар ҳамин модда зикргардидаи ба давлаат насупорида ё фурўхтанашуда аз андозаи як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад.
Моддаи 165 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ. Риоя накардани ҳуқуқи моликияти давлатӣ ба сарватҳои зеризаминӣ
Тибқи ин моддаи қонун, барои худсарона истифода кардани сарватҳои зеризаминӣ, ошкоро ё пинҳонӣ аҳд бастан, ки ҳуқуқи давлатро ба сарватҳои зеризаминӣ вайрон ё халалдор мекунад ҳангоми набудани аломати ҷиноят, ҳамчун ҷазо ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 10 то 15, ба шахсони мансабдор аз 30 то 40 ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 100 то 150 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Дар куҷо ва чӣ тавр амволро қонунӣ бояд кард?
Дар назди ҳукуматҳои тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба қонунигардонии амвол комиссияҳои дахлдор таъсис дода шудаанд.
Молу мулки ғайриқонуниро бо роҳи муроҷиати ихтиёрӣ ба ин комиссияҳои маҳалли истиқомат қонунӣ кардан мумкин аст.
Қонунигардонии маблағҳо дар бонкҳои кишвар ва бо гирифтани шаҳодатномаи дахлдор сурат мегирад.
Нигоҳ доштани маълумот дар бораи сармояи қонунигардонидашудаи шаҳрвандон ҳамчун сирри бонкӣ, инчунин таъмини амнияти маблағҳои қонунигардонидашуда кафолат дода мешавад.
Интизории мақомот
– ҷалби сармоягузориҳои иловагӣ ба низоми молиявию бонкӣ ва ба ин васила афзоиши маблағгузории соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар;
– таъсиси ширкатҳои нав, афзоиши сармоягузории ширкатҳои мавҷуда ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ;
– воридоти иловагии андоз ба буҷет аз ҳисоби қонунигардонии дороиҳое, ки дар иқтисоди пинҳонӣ қарор доранд;
– тавсеаи барориши коғазҳои қиматнок ва гардиши коғазҳои қиматнок;
— зиёд кардани бунёди биноҳои истиқоматӣ.
Дар омади гап
Онҳое, ки мехоҳанд пасандозҳои худро дар шакли тилло нигоҳ доранд, метавонанд аз Департаменти муомилоти пулӣ ва амалиёти хазинадории Бонки миллии Тоҷикистон сабикаҳои тиллоиро харидорӣ намоянд.
Барои хариди тилло танҳо шиносномаи умумӣ ва ҳадди ақал 3105 сомонӣ бо худ доштан лозим аст – хурдтарин сабикаи тиллоӣ, ки 5 грамм аст, ҳамин қадар арзиш дорад (то 14 декабри соли 2022).
Инчунин сабикаҳои вазнашон 10, 20, 50, 100 грамм низ ба фурӯш гузошта шудаанд.
Вазни сабика ҳар кадар зиёд бошад, ҳар граммаш барои харидор ҳамон қадар арзон мешавад. Аммо маҳдудиятҳо вуҷуд доранд – ҳар як шаҳрванд метавонад дар як сол то 1 кг тилло харад.
Барои хариди сабика ҳамчунин ҳуҷҷати тасдиқкунанда дода мешавад ва сабикаи харидашударо ҳар вақт ба БМТ фурӯхтан мумкин аст. Шарти асосӣ ин аст, ки он бояд осебе надида бошад.