Соли 2023 дар Тоҷикистон 5 лоиҳа оид ба таъмиру навсозии роҳҳо, сохтмони пул (кӯпрук) ва долонҳои (галереяҳои) муҳофизат аз тарма амалӣ мешавад.
Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, мувофиқи лоиҳаҳо дар кишвар ба сурати умум таъмиру навсозии қариб 214 км роҳҳои автомобилгард ба нақша гирифта шудааст.
Аз ҷумла, барқарорсозии роҳи мошингарди Гулистон-Кӯлоб (32,5 км), Данғара-Гулистон (49,2 км), Гулистон-Фархор (40 км), Бохтар-Левакант-Данғара (40 км) ва 4 қитъаи роҳи дар вилояти Суғд оғоз мегардад.
Ғайр аз ин, сохтмони пулҳо дар болои дарёҳои Ғунд ва Шофдарё, долонҳои муҳофизат аз тарма дар мавзеи Барсеми ВМКБ (4,6 км) шурӯъ мешавад.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Вазорат, дар давраи се соли наздик дар ҷумҳурӣ 317 км роҳҳои автомобилгарди байнулмилалӣ, 32 пул, 5 нақби масофаашон 11,2 км ва 7 долони муҳофизат аз тарма ба истифода дода мешавад.
Дар Вазорати нақлиёт зикр мекунанд, ки ҳадаф аз татбиқи ин лоиҳаҳо – табдили Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ аст.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба парлумон рӯзи 23 декабри соли 2022 зикр кард, ки “корҳои дар соҳа анҷомдодашуда имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар чор соли охир тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо дар байни 138 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда зинаи 50-умро устувор нигоҳ дорад”.
Зикр шуд, ки дар соли 2022 татбиқи 3 лоиҳаи сармоягузорӣ, аз ҷумла таҷдиди як қисми роҳи мошингарди Данғара – Бохтар (29 километр) ва роҳи мошингарди Душанбе – Кулма дар қитъаи Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон (93 километр) оғоз гардид.
Ҳамзамон бо ин, татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод (76 километр) бомаром идома дошта, корҳои лоиҳакашӣ оид ба таҷдиду бунёди роҳҳои мошингарди Хуҷанд – Конибодом ва Рӯшон – Хоруғ – деҳаи Варшез оғоз шуданд.
Ба иттилои Вазорати нақлиёт, айни замон дар соҳаи нақлиёти кишвар 17 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 11 млрд сомонӣ амалӣ мешавад.