Қурби рубли Русия нисбат ба сомонӣ пас аз поинравии назаррас дар давраи даҳаи аввали соли нав, тайи рӯзҳои ахир ба таври назаррас боло рафт.
Тибқи қурби расмии Бонки миллии кишвар, аз 140,5 сомонӣ ба ивази 1000 рубл дар рӯзи 10 январ он имрӯз то 149,5 сомонӣ боло рафт.
Тағйирёбии босуръати қурби рубл аз моҳи декабри соли гузашта дар робита ба аз ҷониби кишварҳои Ғарб ҷорӣ шудани 60 доллар нархи ҳадди ниҳоии нафти Русия идома дорад.
Қурби рубли Русия нисбат ба пули миллии Тоҷикистон – сомонӣ давоми моҳи декабр ба андозаи 11,3% поин рафта, ба даромади оилаҳои муҳоҷирони тоҷик, ки маблағи интиқолро бо рубл мегиранд, таъсири ҷиддии манфӣ расонид.
Шурӯъ аз соли 2016 бо дастури Бонки миллӣ, маблағи интиқол бо рубл дар нуқтаҳои бонкии Тоҷикистон танҳо бо арзи миллӣ (сомонӣ) бо қурби муқарраршуда дар замони мубодила дода мешавад.
Ба ин тариқ, 1 декабр дар бонкҳо ба ивази 1000 рубл 163 сомонӣ медоданд, 31 декабр бошад, ҳамагӣ 144,5 сомонӣ.
Дар давоми ин ҳафта қурбҳои расмии доллари ИМА ва евро нисбат ба сомонӣ начандон зиёд – мутаносибан ба андозаи 0,3% ва 3,0% боло рафтанд. Доллари амрикоӣ имрӯз 10,2405 ва евро – 11,0700 сомонӣ нарх доранд.
Вазъият бо доллару евро чӣ гуна аст?
Дар ҳамин ҳол, доллар ва евро давоми ҳамин ҳафта нисбат ба рубл ба таври назаррас арзон шуданд. Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, имрӯз 1 доллар 67,77 рубл нарх дорад, ки дар муқоиса бо рӯзи душанбеи аввали ҳафта 2,57 банди фоизӣ поинтар аст. Нархи евро бошад, 72,78 рубл зикр шудааст, ки 2,86 банди фоизӣ поинтар мебошад.
ВАО-и Русия бо истинод ба мутахассисони маҳаллӣ менависанд, ки болоравии қурби рубл нисбати доллар ва евро қисман ба амалҳои содиркунандагони молу маҳсулот аз Русия вобаста аст.
“Дар арафаи давраи андоз ширкатҳо даромади асъории дар рӯзҳои ид ҷамъшударо ба фурӯш мебароранд, ки қурби рублро дастгирӣ мекунад”, – менависад RT бо истинод ба коршиносон.
Ғайр аз ин, таъкид мешавад, ки иштирокчиёни бозор ба изҳороти Вазорати молия ва Бонки марказии Русия дар бораи бозбинии қоидаҳои буҷет вокуниши мусбат нишон доданд. Тавре ки Lenta.ru менависад, Вазорати молия сатҳи заминавии даромадҳо аз фурӯши нафту газро дар як моҳ ҳисоб мекунад.