Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон – “Амонатбонк” ба соҳибкорони хурду миёна дар бахши кишоварзӣ, инчунин соҳибкороне, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба ватан баргаштаанд, қарзҳои имтиёзнок пешниҳод мекунад.
Тавре ки дар сомонаи бонк хабар дода мешавад, қарзҳои имтиёзнок ба хотири беҳбуди сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандони кишвар ва мусоидат ба рушди бахши кишоварзӣ дода мешаванд.
Ин чӣ гуна қарз аст?
Маблағи қарз – то 100 ҳазор сомонӣ;
Асъори қарз: танҳо бо пули миллии сомонӣ (TJS)
Муҳлати қарз -то 36 моҳ
Меъёри фоизи солона – 10%.
Қарз бо кадом мақсад дода мешавад?
Маҳсулоти нави қарзии “Амонатбонк” “Кишоварз” ном дорад. Қарзҳо барои дастгирии зироаткорӣ, харидории тухмӣ, нуриҳои минералӣ, обёрии замини кишт, коркарди замин, боғпарварӣ, чорводорӣ, паррандапарварӣ, занбӯрпарварӣ ва дигар мақсадҳои соҳаи кишоварзӣ пешниҳод мешаванд.
Барои гирифтани қарз мувофиқи талаботи маъмулии бонк (шиноснома, РМА, маълумотномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо) ҳуҷҷатҳо пешниҳод намудан лозим аст.
Барои дастрас намудани қарз инчунин гарави амволи манқул ва ғайриманқул талаб карда мешавад.
Муҳлати имтиёзнок барои пардохти қарзи асосӣ то 6 моҳ муқаррар шудааст. Яъне барои имтиёз доштан шумо бояд мувофиқи ҷадвали тасдиқнамудаи қарзи бонк дар муддати ним сол қарзи асосиро пардохт намоед.
Ғайр аз ин, барои шаҳрвандон маҳдудияти синнусоли низ муқаррар шуда, он ба шаҳрвандони аз 18 то 65-сола пешниҳод карда мешавад.
Соли гузашта мизоҷони ин бонк дар ҳаҷми аз 3 то 500 ҳазор сомонӣ бо асъори миллӣ ва хориҷӣ ба муҳлати аз 6 то 36 моҳ бо меъёри фоизи солонаи 18% бо пули миллӣ ва 8% – бо доллари ИМА қарзи имтиёзнок гирифта метавонистанд.
… Дар ҳамин ҳол, “Азия-Плюс” ба дигари бонкҳо ҳам муроҷиат кард, то ки аз меъёрҳои фоизи қарзҳо барои кишоварзон маълумот дастрас кунад.
Маълум шуд, ки меъёри фоизи солонаи қарзҳои онҳо ба ҳисоби миёна 24-32% ё зиёдтар аз инро ташкил медиҳанд.