spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи нафту газ дар қаламрави ҷумҳурӣ идома медиҳад

Ба корҳои иктишоф (разведка)-и конҳои нафту газ дар Тоҷикистон ду ширкат – «Bokhtar Operating Company»  ва «Сомон-Ойл» машғуланд.

Зимни нишасти хабарии имрӯза сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода дар ин робита изҳор намуд, ки дар кишвар истихроҷ ва коркарди ҳаҷми начандон зиёди нафту газ ба роҳ монда шудааст, лекин он барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат кофӣ нест.

Ба гуфтаи Оймуҳаммадзода, бисёре аз конҳои нафту газ ба омӯзиши ҷиддии геологӣ ниёз доранд.

“Бо сабаби хусусиятҳои тектоникии кишвар, захираҳои нафту газ чуқур буда, пармакунии чоҳҳо душвор ва гарон аст, – гуфт ӯ. – Масалан, “Сомон-Ойл” барои дарёфти қабати нафт бояд 4 километр чуқурӣ парма мекард, аммо бинобар мушкилоти молӣ муваққатан корро қатъ кард”.

Роҳбари Саридораи геологияи ҷумҳурӣ мегӯяд, ба  корҳо дар ин самт идома дода мешавад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Тоҷикистон тасмим дорад истихроҷи нафтро афзоиш диҳад

Конҳо дар қисми шимолии Тоҷикистон, дар ҳудуди водии Фарғона ва дар ҷануб – дар ҳудуди қаламрави Афғонистону Тоҷикистон ҷойгиранд.

Коршиносони соҳа бар ин назаранд, ки кашфи як кони бузурги газу нафт дар Тоҷикистон метавонад барои сармоягузории ҷиддӣ ба ин бахши кишвар, ки бӯҳрони энергетикӣ дорад, роҳ боз кунад.

Захираҳои кашфшудаи нафт дар Тоҷикистон 2,2 млн тонна ва газ – 3,4 млрд метри мукаабро ташкил медиҳад. Тавре ки қаблан зикр гардида буд, дар Тоҷикистон 28 кони нафт ба қайд гирифта шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...