spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дар Тоҷикистон чӣ қадар сурма ҳаст?

Чаро мансабдорони тоҷик дар бораи як чизи комилан безарар, дар назари аввал нимафулузот (нимаметалл) – сурма маълумотро пинҳон мекунанд?

Якум дар ҷаҳон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми ахири худ ба ҳукумат дастур дод, ки ба масъалаи истихроҷу коркарди металлҳои ранга аз конҳои муайяншуда, аз ҷумла сурма, литий, волфрам, никел ва дигар металлҳо аҳаммияти хосса диҳанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сурма

Ӯ зарурати таҳия ва амалисозии барномаи азхудкунӣ ва дар дохили мамлакат то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани онҳоро зикр кард. Таъкид шуд, ки аз лиҳози захираҳои сурма Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи якумро ишғол мекунад.

“Азхудкунӣ ва то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани сурмаро мо имрӯз бояд аз вазифаҳои асосии худ донем”, – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Барои дарёфти маълумоти муфассал дар бораи истихроҷ, истеҳсол, захира ва содироти сурма “Азия-Плюс” бо дархостҳо ба Вазорати саноат, Саридораи геология ва Агентии омор муроҷиат кард.

Дар посухи хаттии Агентии омор бо як ҷумла тавсия дода мешавад, ки ба “мақомоти дахлдори соҳавӣ” муроҷиат кунем, то ки “маълумоти аввалия, мушаххас ва ҷузъӣ”-ро дарёфт кунем.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Азимтарин корхонаи металлургии Тоҷикистону Чин ба кори муқаррарӣ гузашт

Мақомоти соҳавӣ як моҳ ба дархости “Азия-Плюс”  посух надода, ба меъёрҳои як қатор санадҳои қонунгузорӣ, аз ҷумла Конститутсия риоя накарданд. Мо ҳамчунин аз онҳо пурсида будем, ки маълумоти ба президент пешниҳодгардида дар бораи захираҳои сурма то кадом андоза муътамад аст. Гап сари он аст, ки қаблан зикр гардида буд, ки аз рӯи захираҳои сурма Тоҷикистон дар мақоми сеюм қарор дорад.

Ва танҳо дирӯз, 1 феврал зимни нишасти матбуотии ҷамъбастии Саридораи геологияи ҷумҳурӣ роҳбари он Илҳомҷон Оймуҳаммадзода зикр кард, ки аз рӯи захираҳои сурма дар ҷаҳон Чин мақоми аввал ва Тоҷикистон ҷойи дуюмро ишғол мекунанд, ки зинаи аввал байни кишварҳои ИДМ аст.

Ба иттилои ӯ, дар ҷумҳурӣ 11 кони сурма мавҷуд аст, ки 9-то онҳо дар водиҳои Зарафшон ва Ҳисор ҷойгиранд.

Дар ҳамин ҳол, ӯ ба савол дар бораи чӣ қадар захираҳои сурмаро дар ихтиёр доштани Тоҷикистон посух надод.

Мо чӣ қадар сурма дорем?

Бино ба маълумоти Хадамоти геологии ИМА (USGS), Тоҷикистон тӯли чандин сол аз лиҳози истеҳсоли сурма дар ҷаҳон зинаи сеюмро ишғол намуда, дар як сол ҳудуди 16 ҳазор тонна аз ин нимфулузот (нимметалл) истеҳсол мекунад. Русия зинаи дуюм (30 ҳазор тонна) ва Чин (100 ҳазор тонна) – зинаи аввалро ишғол мекунанд. Дар ҳамин ҳол, истеҳсоли сурма дар Русия тайи солҳои ахир дар як сатҳ боқӣ монда, дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст.

Дар муқоиса бо соли 2010 дар соли 2019 истихроҷи сурма дар Тоҷикистон ва ҳиссаи ҷумҳурӣ дар истеҳсолоти саротсарии ҷаҳон қариб 3 баробар афзуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Истеҳсоли сурма дар кишварҳои пешрафта тибқи маълумоти U.S. Geological Survey дар соли 2019, ҳаз. тонна

Бино ба маълумоти Саридораи геологияи ҷумҳурӣ, захираҳои зиёдтарини ин маъдан дар конҳои маъдани Ҷиҷикрӯд ва Канчоч дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд мавҷуд аст. Дар заминаи ин захираҳо аз соли 1940 Комбинати маъдантозакунии Анзоб (феълан – Корхонаи муштараки Тоҷикистону ИМА “Анзоб) бо иқтидори лоиҳавии 700 ҳазор тонна дар як сол фаъолият дорад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҷалби 1 млрд. $ дар се сол ба бахши истифодаи қаъри замин

Консентратҳои маъдани симобу сурмаи Тоҷикистон дар дигар кишварҳо – қаблан асосан дар Қирғизистон ва пас аз баста шудани сарҳад бо ин кишвар дар моҳи апрели соли 2021, дар Чин коркард мешаванд.

“Захираҳои минералии ашёи хоми сурма дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби тақвият бахшидан ба корҳои иктишофӣ ва геологӣ дар конҳои дигар минтақаҳо, ки дар онҳо майдонҳои ояндадор кашф шудаанд, метавонанд чандин баробар зиёд карда шаванд”, – мегӯянд геологҳои тоҷик.

Дар меҳвари тиру силоҳи амрикоӣ

Тобистони соли гузашта нашрияи амрикоии Defense News бо истинод ба гузориши Кумитаи Палатаи намояндагони ИМА оид ба умури қувваҳои мусаллаҳ хабар дод, ки ИМА дар ҷустуҷӯи манбаъҳои алтернативии сурма барои истеҳсоли силоҳу муҳимоти ҷангӣ аст, зеро захираҳои худӣ танҳо то соли 2025 кофӣ аст.

Зикр гардида буд, ки, ИМА сурмаро асосан аз Чин ва дар ҳаҷми начандон зиёд аз Русия гирифта, “Тоҷикистон мавқеи худро дар бозори ҷаҳонӣ ба сифати кишвари сеюми таҳвилгари сурма мустаҳкам мекунад”.

"Кумита аз ҷараёни геополитикии ахир бо Русия ва Чин ва таъсири он ба халалдор шудани суръати занҷираи таъминот, бахусус дар мавриди сурма нигарон аст”, – таъкид шуда буд дар маводи нашрия.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ба ИМА барои истеҳсоли силоҳу муҳимоти ҳарбӣ сурмаи Тоҷикистон лозим аст

Ҳамчунин нашрия навишта буд, ки масъулони Вазорати мудофиа бояд то моҳи октябри соли 2022 барои панҷ соли оянда дар бораи осебпазирии занҷираи таъминот пешгӯиҳои худро пешниҳод намоянд.

Муаллифони гузориш таъкид дошта буданд, ки сурма барои саноати мудофиавии ИМА аҳамияти ҳалкунанда дорад. Он дар меҳвари тиру силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ ва ҳатто дар аслиҳаи ҳастаӣ (ядроӣ), инчунин барои истеҳсоли дигар техникаи таъиноти ҳарбӣ, аз қабили дастгоҳҳои биниши шабона истифода мешавад.

Қобили зикр аст, ки замони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҷопониҳо роҳи интиқоли сурмаро аз Чин ба ИМА баста, амрикоиҳо ба истихроҷи он дар кони Айдахо шурӯъ карданд, аммо захираи он то соли 1997 комилан ба охир расид. Захираҳои начандон зиёд дар дигар конҳо метавонанд то соли 2025 ба охир расанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...