spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

“Бо сабаби набудани гази Ӯзбекистон”. Корхонае дар Леваканд наметавонанд ба кор оғоз кунад

“Осиё кемикал” – яке аз калонтарин корхонаҳои истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар ноҳияи Леваканд пурра сохта шудааст, аммо бо сабаби норасоии газ дар Ӯзбекистон ва интиқол наёфтани он, наметавонад ба кор оғоз кунад. Дар ин хусус Бунафша Файзиддинзода, раиси шаҳри Левакант 9-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ, иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, корхона барои оғози фаъолият омода аст ва роҳбарияти он тайёранд хати аввали истеҳсолиро ба кор андозанд, вале бинобар интиқол наёфтани гази Ӯзбекистон оғози фаъолияти он ба таъхир гузошта шудаст.

Раис гуфт, ҳоло онҳо умедворанд, ки газ дастрас мегардад ва дар наздиктарин муҳлат корхона ба кор андохта мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Бунафша Файзиддинзода

“Мо аз ин корхона умеди калон дорем. Ин корхона ба кор шуруъ кунад ба фоидаи шаҳр аст. Зеро дар он беш аз 700 нафар кор мекунанд ва ҳам ин корхона андозро сари вақт пардохт мекунад", – гуфт Бунафша Файзиддинзода.

Ёдовар мешавем, ки “Осиё кемикал” дар пайи харидории собиқ корхонаи Нуриҳои минералии "Азот" ташкил гардидааст ва ягона корхонаи Тоҷикистон нест, ки бинобар сабаби мушкили норасоии газ дар Ӯзбекистон, бо мушкил рӯбарӯ мегардад. Қаблан кори Маркази барқу гармидии №1-и Душанбе низ бинобар маҳдудияти интиқоли гази Ӯзбекистон ба мушкил печид ва дар сардиҳои ахир натавонист ба аҳолӣ ба таври кофӣ барқу гармӣ диҳад.

Он замон як масъули ин марказ гуфта буд, ки дар робита ба интиқоли газ ба Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, сарвазир ва Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи кишвар бо мақомоти марбутаи кишвари Ӯзбекистон гуфтушунид доранд. То ҳол маълум нест, ки ин гуфтушунид чӣ самар овард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...