Дар соли 2022 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон 7 млрд 512,9 млн долларро ташкил дод, ки 1 млрд 508,2 млн ё худ 25,1% зиёдтар нисбат ба соли 2021 аст. Он замон ин нишондиҳанда ба 5,5 млрд доллар баробар буд.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 15 феврал муовини аввали раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон Азим Ҳайдар хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми воридоти молу маҳсулот дар ин давра 5 млрд 182,9 млн долларро ташкил дод, ки 965 млн доллар ё худ 22,9% зиёдтар нисбат ба соли 2021 аст. Ҳиссаи содирот ба зиёда аз 2,3 млрд доллар баробар шудааст, ки 543,1 млн доллар ё худ 30,4% зиёдтар нисбат ба соли 2021 мебошад.
Зикр шуд, ки дар соли 2022 Тоҷикистон бо 109 кишвари саросари дунё муомилоти воридоту содироти молу маҳсулот анҷом додааст.
Бо кишварҳои хориҷи дур ҳаҷми гардиши молу маҳсулот 3 млрд 626 млн долларро ташкил додааст: 567,5 млн – содирот ва беш аз 2 млрд доллар – воридот.
Молу маҳсулоти асосие, ки содир шудааст:
– минерал ва консентратҳо – 31,4% ($730,8 млн);
– алюминий – 6% ($139,9 млн);
– неруи барқ – 4,6% ($106,8 млн);
– сабзавоту мева – 2,2% ($51,5 млн);
– семент – 1,9% ($44,4 млн) ва дигар молу маҳсулот.
Молу маҳсулоти асосие, ки ворид шудааст:
– маҳсулоти нафтӣ – 13,2% ($681,6 млн);
– гандум – 5,3% ($329,1 млн);
– автомашинаҳои сабукрав – 4,5% ($234 млн);
– маҳсулоти чӯбу тахта – 2,2% ($114,8 млн);
– нуриҳои минералӣ – 1,6% ($80,4 млн) ва ғайра.
Аз ҳаҷми умумии молу маҳсулоти ба кишвар воридшуда 30,6%-аш ба Русия, 18,5% – ба Қазоқистон, 16,2% – ба Чин, 7,6% – ба Ӯзбекистон ва 3,3% – ба Туркия рост меояд.
Ба гуфтаи Азим Ҳайдар, дар робита ба шиддат гирифтани вазъ миёни Русия ва Украина, воридоти маҳсулот ба Тоҷикистон аз баъзе кишварҳои Аврупо зиёда аз 90,1 млн доллар кам шудааст.