Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, имсол дар ҷумҳурӣ бояд 605 ҳазору 483 гектар замин шудгор шуда, то охири моҳи феврали соли равон майдони кишт ҳудуди 540 ҳазор гектар ё худ 90%-ро ташкил медиҳад.
Аз ин миқдор зиёда аз 176 ҳазор гектараш барои кишти зироати ғалладона, 186 ҳазор – пахта ва 283 ҳазор гектар – барои сабзавоту полезӣ ва дигар зироатҳои кишоварзӣ пешбинӣ шудааст.
“Соли 2023 дар Тоҷикистон парвариши 1,6 млн тонна ҳосили зироати ғалладона, аз ҷумла 975 ҳазор тонна гандум ба нақша гирифта шудааст. Ҳосили пахта дар ҳаҷми 430 ҳазор тонна пешбинӣ мешавад. Ғайр аз ин, кишоварзон ба гирифтани ҳосили зиёда аз 3,5 млн тонна сабзавоту полезиҳо уҳдадор шудаанд", – хабар доданд аз Вазорат.
Имсол майдони кишти пиёзу сабзӣ низ зиёд карда шуда, ҳосили пиёз бояд 747 ҳазор тонна ва сабзӣ – зиёда аз 500 ҳазор тоннаро ташкил диҳад.
Ба ин тариқ, тибқи маълумоти Вазорат, Тоҷикистон натанҳо талаботи аҳолиро ба ин маҳсулот таъмин мекунад, балки барзиёдашро ба хориҷи кишвар низ содир карда метавонад.
Талаботи солонаи Тоҷикистон ба пиёз дар ҳудуди 300 ҳазор тонна ва сабзӣ – 250 ҳазор тонна арзёбӣ мешавад.
Ҳамчунин аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосилнокӣ истеҳсоли картошкаро то 1 ҳазору 172 тонна аз 1 гектар расонидан мехоҳанд.
Дар ҷаласаи навбатии ҳукумат президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба бахши кишоварзӣ дастур дод, ки бо мақсади ба даст овардани 2-3 ҳосил, аз замини қитъаҳои наздиҳавлигӣ оқилона истифода бурда, ба таври кофӣ маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус пиёзу картошкаи сабзӣ захира карда шавад.
Қаблан вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон Завқӣ Завқизода хабар дод, ки имсол дар майдони зиёда аз 114 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки қариб 9% зиёдтар нисбат ба соли гузашта аст.
Ғайр аз ин, тибқи маълумоти Вазорат, хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолона истеҳсолоти ғайримавсимиро азхуд карда, соли 2022 истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо 25% зиёд шуда, ҳудуди 3 ҳазор тоннаро ташкил дод. Майдони умумии гармхонаҳои саноатӣ ба 100 гектар расонида шуд.