Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
“Сим-сим дарро боз кун...” Тиллои ҷаҳон дар дасти кист? - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

“Сим-сим дарро боз кун…” Тиллои ҷаҳон дар дасти кист?

12
12

Ҳаҷми захираҳои тиллои кишварҳои сарватманди ҷаҳон, давлатҳои Осиёи Марказӣ ва нархи ҷаҳонии тилло мушаххас намудем.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Маълумотҳо оид ба Русия барои январи соли 2022, Швейтсария барои октябри 2022 мебошад. Дар бораи давлатҳои дигар маълумотҳо барои моҳи ноябри 2022 мебошад.

Манбаъ: Шӯрои байналмилалӣ оид ба тилло (World Gold Council, WGC)

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Маълумотҳо оид ба Тоҷикистон барои моҳи октябри соли 2022, оид ба дигар давлатҳо барои моҳи ноябри соли 2022.

Манбаъ: Шӯрои байналмилалӣ оид ба тилло (World Gold Council, WGC)

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Баландтарин нархи тилло дар таърихи нархгузорӣ 6 августи соли 2020 – 2078 доллар барои як унсияи троянӣ, сабт шудааст.

Манбаъ: Global Finances

Захираи тиллои Тоҷикистон

Тиллои пулии Тоҷикистон дар Бонки миллӣ ва Вазорати молия қарор дорад, дар бораи ин захираҳо ба намояндагони ВАО ҳеҷ гуна маълумот дода намешавад.

Тиллои пулӣ  – тиллоест, ки дар шакли тангаҳо ва зарфҳо ё сабикаҳо нигоҳ дошта шуда, софии он 995 то 1000 аст ва он ба бояд ба талаботи стандарти ҷаҳонии Good Delivery ҷавобгӯ бошад.

Он одатан аз ҷониби бонкҳои марказӣ ва / ё вазоратҳои молияи кишварҳои ҷаҳон идора карда мешавад.

Захираҳои тилло

Бино ба иттилоъи Саридораи геологияи Тоҷикистон, дар қаламрави кишвар беш аз 150 кони  тилло кашф шудааст, ки бештари онҳо ба таври зарурӣ омӯхта нашудаанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
WGC: Захираҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли гузашта 4 тонна зиёд шуданд

Захираҳои нисбатан калони тилло дар шимол ва маркази кишвар, инчунин дар ҷануби Помир ҷойгиранд.

Маълумоти боэътимод дар бораи 28 кон мавҷуд аст, ки захираҳои тиллои кашфшуда онҳо 450 тонна арзёбӣ мешаванд (тақрибан 200 тонна тасдиқ шудааст).

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тотористон, дар ҷумҳурӣ 137 кони тиллои саноатии ҳисобшуда ва 127 кони тиллои ғайрисаноатӣ мебошад.

Истихроҷи тилло

Кони Тарор, ки дар 44-километрии шаҳри Панҷакент ҷойгир аст, захираҳои аз ҳама бештарро дорад. 10 км дуртар аз ин кон, кони дигаре бо номи Ҷило ҷойгир аст. Ин конҳоро корхонаи муштараки тоҷику чинии “Зарафшон” коркард мекунад, ки 75 дарсади саҳмияҳои он ба сармоягузорони чинӣ тааллуқ дорад. Ин корхона то 70 дарсади тавлиди тилло дар кишварро дар бар мегирад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Дар Тоҷикистон 10 кони нави тилло ёфт шуд

Ҳамчунин, аз ҷумлаи тавлидкунандагони нисбатан бузурги тилло дар кишвар корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада “Апрелевка”, корхонаи давлатии “Тиллои тоҷик”, артели “Одина”, ширкати “Пакрут” (корпоратсияи чинии China Nonferrous Metal International Mining Co., Ltd. бо соҳибияти саҳмияҳои пурра) мебошанд.

Дар маҷмӯъ, дар кишвар беш аз 10 ширкат ба истихроҷи тилло машғуланд.

Истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон аз 2 тоннаи соли 2014 дар соли 2019 қариб ба 8,1 тонна афзоиш ёфтааст.

Маълумот дар бораи истихроҷи тилло аз соли 2020 пешниҳод нашудааст.

Илова бар ин, аз соли 2020 мақомот ба афроди алоҳида иҷозаи истихроҷи маъданҳои зеризаминӣ, аз ҷумла тиллоро дар манотиқи алоҳидаи кишвар додаанд.

Мувофики маълумоти Вазорати молия, дар се сол кариб 7 хазор нафар барои истихроҷи тилло ичозат гирифтаанд ва ба давлат зиёда аз 34 кг тилло фурӯхтаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...