Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки дар панҷ соли оянда иқтидори истеҳсолии низоми энергетикии кишварро аз ҳисоби истифодаи манбаъҳои энергия аз сарчашмаҳои барқароршавандаи он (об, офтоб ва шамол) ба таври қобили мулоҳиза афзоиш диҳад.
Дар Барномаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои солҳои 2023-2017, ки 1 марти соли равон бо қарори ҳукумат тасдиқ шудааст, дар ин бора сухан меравад.
Дар Барнома гуфта мешавад, айни замон аз ҷониби мутахассисон захираҳо ва имконоти манбаъҳои барқароршавандаи энергия арзёбӣ мешавад.
“Тибқи арзёбии пешакӣ, захираҳои энергетикии манбаъҳои мазкур (бе назардошти неругоҳҳои бузурги барқи обӣ) зиёда аз 35 754,55 МВт-ро ташкил медиҳанд”, – таъкид мешавад дар он.
Аз ҷумла, иқтидори дарёҳои хурд барои сохтмони неругоҳҳои хурди барқи обӣ 32,5 ҳазор МВт бо имкони истеҳсоли зиёда аз 100 млрд кВт-соат дар як сол арзёбӣ мешавад.
Муаллифони Барнома истифодаи энергияи офтобро, ки давомнокии нурафкании он дар кишвар аз 250 то 330 рӯзро ташкил медиҳад, муҳим медонанд.
Иқтидори энергияи шамол (бодӣ) барои сохтмони неругоҳҳои барқӣ 1,9 ҳазор МВт ва иқтидори энергияи биомасса – 807 МВт арзёбӣ мешавад.
Маблағи зарурӣ барои амалисозии Барнома ҳудуди 1,6 млрд сомонӣ (наздики 150 млн доллар), ки ҳиссаи маблағҳои буҷетӣ дар он 3,6 млн сомониро ташкил медиҳад, муайян шудааст. Ҷалби маблағи боқимонда аз шарикон оид ба рушд пешбинӣ шудааст.
Муаллифони Барнома зикр мекунанд, ки барои ҳалли мушкилоти бахши электроэнергетика ва беҳбуди вазъи таъминот бо барқ дар дохили кишвар ва минтақаҳо 34 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 57,2 млрд сомонӣ амалӣ шудааст.
Боз 17 чунин лоиҳаҳо ба маблағи 16,4 млрд сомонӣ дар марҳилаи амалишавӣ қарор доранд.
Ҳамчунин таъкид мешавад, ки дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон беш аз 2000 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор дароварда шудааст.
Кишвари аз ҳама бештар дорои “энергияи сабз”
Бино ба маълумоти Вазорати энергетика, иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон 527 млр киловатт-соат неруи барқро дар як сол ташкил дода, айни замон танҳо ҳамагӣ 5%-и он истифода мешавад.
Аз рӯи ин нишондиҳанда ҷумҳурӣ пас аз Чин, Русия, ИМА, Барзилия, Ҷумҳурии Заир, Ҳиндустон ва Канада дар ҷаҳон зинаи 8-ум ва дар Осиёи Марказӣ – мақоми 1-умро ишғол мекунад.
Байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама камтар ҳиссаи барқи истеҳсолшуда дар марказҳои барқу гармидиҳиро дорад, ки ба 6,9% аз ҳаҷми умумии истеҳсол (21,4 млрд кВт/соат) баробар аст.
Мувофиқи маълумоти Агентии омори кишвар, соли 2022 дар Тоҷикистон ҳудуди 21,4 млрд киловатт-соат неруи барқ истеҳсол шудаааст.
Аз ҳаҷми умумӣ ҳудуди 93,1%-и барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ, 6,9% – дар неругоҳ ва марказҳои барқу гармидиҳӣ ва 0,001% (300 кВт/соат) – дар неругоҳҳои офтобӣ истеҳсол шудааст.
Барои муқоиса:
– дар Қазоқистон – 112,8 млрд кВт/соат (94,5% дар неругоҳ ва марказҳои барқу гармидиҳӣ (МБГ) истеҳсол шудааст);
– дар Ӯзбекистон – 73,4 млрд кВт/соат (зиёда аз 80% – дар неругоҳ ва МБГ);
– дар Туркманистон – 24,7 млрд кВт/соат (қариб 100% – дар неругоҳ ва МБГ);
– дар Қирғизистон – 12,8 млрд кВт/соат (ҳудуди 15% – дар неругоҳ ва МБГ).