Мувофиқи қурби расмии асъор, ки ҳамарӯза аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, имрӯз, 6 апрел 1000 рубли Русия ба 137 сомонӣ иваз мешавад ва ин ҳам дар ҳолест, ки як ҳафта пеш ин нишондиҳанда 142 сомониро ташкил медод.
Қурби пули миллии Тоҷикистон нисбати рубл муддати моҳҳои ахир устутворона дар ҳудуди 142-145 сомонӣ (барои 1000 рубл) қарор дошт.
Қурби сомонӣ дар баробари доллар пас аз босуръат поинравӣ дар охири моҳи феврали соли равон дар як сатҳ – 10,9 сомонӣ барои 1 доллар боқӣ мемонад.
Давоми ҳафтаи ахир қурби сомонӣ нисбат ба евро 1% – аз 11,84 сомонӣ рӯзи 30 март то ба 11,91 сомонӣ дар имрӯз коҳиш ёфт.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Бонки марказии Русия, қурби рубл нисбати доллар аз оғози ҳамин моҳ 2,6% – аз 77,3 рубл то ба 79,3 рубл (барои 1 доллар) поин рафтааст.
Чанде пеш, рӯзи 5 апрел қурби доллари амрикоӣ бори нахуст қариб дар давоми як сол ба зиёда аз 79 рубл расид.
Да Биржаи Маскав як рӯз пеш қурби евро рекорди навбатӣ гузошта, бори аввал аз 15 апрели соли 2022 аз ҳадди 87 рубл гузашт.
Бино ба маълумоти “Ведомости”, коршиносон қурби рублро дар соли 2023 дар ҳудуди аз 68,3 то 77 рубл ва дар моҳҳои наздик дар сатҳи 65-70 рубл барои 1 доллар пешгӯӣ мекунанд.
Сабабҳои коҳиши қурби рубл бо якчанд омил – сатҳи пасти фурӯши асъор аз ҷониби содиркунандагон, берун баровардани маблағ аз ҷониби аҳолӣ, инчунин фурӯши тиҷорат дар Русия аз ҷониби ширкатҳои хориҷӣ маънидод мешавад.
Қобили зикр аст, ки масъалаи қурби сомонӣ нисбат ба рубл барои бисёре аз оилаҳо дар Тоҷикистон, ки аз саробони хонаводаҳои худ аз Русия пул мегиранд, хеле муҳим аст.
Шурӯъ аз соли 2016 бо дастури Бонки миллӣ, маблағи интиқол бо рубл дар нуқтаҳои бонкии Тоҷикистон танҳо бо арзи миллӣ (сомонӣ) бо қурби муқарраршуда дар замони мубодила дода мешавад.
Мутаносибан, ҳар қадар қурби рубл баландтар бошад, оилаҳои муҳоҷирони тоҷик дар нуқтаҳои интиқол ҳамон қадр маблағи зиёдтар мегиранд ва баръакс.
Тибқи маълумоти гуногун, айни замон зиёда аз 1 млн нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия кору зиндагӣ мекунанд.