Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи муқаррар намудани квотаи алоҳидаи махсус барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба Тоҷикистон фармон ба имзо расонид.
Мувофиқи фармон, ба сохторҳои марбута супориш дода шудааст, ки ҷиҳати амалисозии лоиҳаи сохтмон ва истифодабарии лӯлаи гази "Осиёи Марказӣ-Чин, хатти D" барои соли 2023 квотаи алоҳидаи махсус бо теъдоди 2 ҳазору 739 нафар муқаррар намоянд.
Дар замима ба қарор мушаххас карда мешавад, ки 2 ҳазору 705 нафар аз онҳо бояд шаҳрвандони Чин ва боқимонда 34 нафар шаҳрвандони дигар кишварҳо буда метавонанд.
Ҳудуди 70%-и квотаҳо барои ҷалби ҳайати кории техникӣ ва 30%-и боқимонда – ҳайати кории маъмурӣ пешбинӣ шудааст.
Дар фармон гуфта мешавад, квотаҳо мутобиқи созишнома байни ҳукуматҳои Чин ва Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар сохтмон ва истифодабарии лӯлаи газгузар муқаррар карда мешаванд.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетикаи Тоҷикистон, масофаи ин лӯлаи газгузар, ки дар доираи он интқиоли газ аз Туркманистон ва Чин пешбинӣ шудааст, 966 километрро ташкил медиҳад. Лӯлаи газ тариқи қаламрави панҷ кишвар – Туркманистону Ӯзбекистон (205 км), Тоҷикистон (391 км), Қирғизистон (215 км) ва Чин (155 км) мегузарад.
Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба сохтмони лӯлаи нави интиқоли газ дар қаламрави Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2013 ба имзо расида буд. Моҳи марти соли 2014 миёни China National Petroleum Corporation (CNPC) ва ҶСК «Тоҷиктрансгаз» дар бораи таъсиси корхонаи муштараки сохтмон ва истифодаи лӯлаи гази Trans-Tajik Gas Pipeline Company Ltd. бо иштироки ҳиссаи ҷонибҳо ҳар кадоме 300 млн. долларӣ созишнома ба имзо расид.
Дар доираи лоиҳа дар қаламрави Тоҷикистон сохтмони 42 нақби кӯҳӣ бо масофаи умумии 63,3 километр ва дигар иншооти зерсохтор пешбинӣ шудааст.
Дар ҳудуди Тоҷикистон шоҳроҳи лӯлаи газ аз қаламрави шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Файзобод, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш гузашта, то марзи Қирғизистон мерасад.
Дар назар аст, ки тариқи ин лӯла ҳамасола аз Туркманистон ба Чин 25-30 млрд. метри мукааб гази табиӣ интиқол дода шавад. Амалисозии ин лоиҳа ба ҷалби беш аз 3 млрд. доллари ИМА сармоягузории мустақими Чин ба иқтисоди Тоҷикистон имкон медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, сохтмони аввалин нақб (дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ) танҳо соли 2020 ба охир расид. Пандемияи COVID-19, ки дар ҳамон сол оғоз ёфт, иҷрои лоиҳаро ба қафо партофт, зеро дар бораи анҷоми сохтмони иншооти дигар хабар дода нашудааст.