spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

ХБА: Соли 2022 воридоти пул аз Русия ба Тоҷикистон 2 баробар афзуд

Иқтисодчиёни Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) мегӯянд, таназзул дар Русия дар соли 2022 ба коҳиши рушди иқтисодӣ дар кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ боис нашуд.

“Баръакс, аксари кишварҳои Қафқозу Осиёи Марказӣ аз ҳисоби таъсири берунии ғайричашмдошт, ба афзоиши назаррас ноил гардиданд”, – гуфта мешавад дар Дурнамои рушди иқтисоди минтақавии ХБА дар моҳи май.

Дар гузориш, аз ҷумла, “афзоиши босуръати воридоти маблағ” дар як соли ахир  аз ҷониби шахсони хусусӣ аз Русия ба кишварҳои минтақа таъкид шудааст.

“Интиқоли софи пулӣ аз Русия ба Арманистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон дар соли 2022 нисбат ба соли пешин беш аз 5 баробар афзоиш ёфта, мутаносибан ба 17%, 8% ва 3% ММД расиданд. Дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон низ ду баробар афзоиши интиқоли маблағ ба қайд гирифта шуда, сатҳи, афзоиши онҳо аз 13% то 23% ММД-ро ташкил дод”, – таъкид мешавад дар гузориш.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ХБА, интиқоли софи пул ба Қирғизистон дар соли 2022, баръакс, тақрибан 6 банди фоизии ММД коҳиш ёфтааст.

“Миқёси ин воридот барои вазъи макроиқтисодии бархе аз ин кишварҳо муҳим аст ва номуайянии вобаста ба ҳаҷм ва суръати тағйири ояндаи онҳо, хатареро ба бор меорад”, – гуфтаанд иқтисодчиёни Хазина.

Муаллифони Гузориш, дар соли ҷорӣ “камшавии суръати афзоиши интиқоли фаромарзӣ ва вуруди муҳоҷирон дар муқоиса бо соли 2022”-ро интизорӣ доранд

Дар баробари ин, Хадамоти федералии омори Русия аз афзоиши босуръати теъдоди муҳоҷирони корӣ ба ин давлат аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ хабар медиҳад.

Тибқи иттилои ин хадамот, дар ин муддат ҳудуди 350 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон вориди Русия шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 қариб 40% (100 ҳазор нафар) бештар аст.

Вуруди муҳоҷирон аз Ӯзбекистон ба Русия 72,3% (264 ҳазор нафар) афзуда, беш аз 630 ҳазор нафарро ташкил додааст. Ба панҷгонаи таъминкунандагони асосии қувваи корӣ дар Русия Қирғизистон (тақрибан 173 ҳазор нафар), Арманистон (беш аз 47 ҳазор нафар), Қазоқистон (ҳудуди 35 ҳазор нафар) низ шомил шудаанд.

Қаблан аввали моҳи майи соли ҷорӣ Евгений Жуков директори генералии Бонки осиёии рушд (БОР) дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ ба «Азия-Плюс» гуфта буд, ки интизориҳои созмонҳои байналмилалии молӣ дар робита ба коҳиши интиқоли пул аз Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба далели муноқишаи низомии Русия ва Украина ҳоло амалӣ нашуданд.

Вай зикр кард, ки дар оғози муноқишаи Русияву Украина “аз пешгӯиҳо дар бораи рушди иқтисодӣ, интиқоли пул дар Осиёи Марказӣ умедвориҳои хуб надоштанд”.

“Ин ҳаросҳо амалӣ нашуданд. Ҳадди ақал то кунун Русия тавонист аз иқтисоди худ дифоъ кунад ва ин боис шуд, ки ҷараёни вуруди муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ то имрӯз идома дорад. Интиқоли пул аз Русия ба Осиёи Марказӣ низ дар сатҳи хуб боқӣ монд”, – таъкид дошт ӯ.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...