spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Барои сохтмони НБО “Роғун” 500 млн доллар ҷудо мешавад

Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (Чин) ба Тоҷикистон 500 млн доллар маблағ медиҳад.

Дар бораи ҷудо кардани маблағ президенти ин бонк Ҷин Лисун рӯзи 17 май зимни вохӯрӣ бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Пекин хабар дод, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон.

Аз ҷумла, ҳангоми мулоқот Ҷин Лисун оид ба ҷудо намудани маблағҳои имтиёзнок дар ҳаҷми 500 млн доллар барои татбиқи лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун изҳор намуд.

Эмомалӣ Раҳмон Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохториро шарики боэътимоди Тоҷикистон номида, изҳори итминон кард, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯза ба раванди густариш ва тавсеаи ҳамкориҳои мо такони нав хоҳанд бахшид.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба таҳқими ҳамкорӣ дар самти маблағгузории минбаъдаи рушди “инфрасохтори сабз” дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва шаҳрдорӣ табодули андеша карданд.

Таҳкими робитаҳо, ҷалби ҳарчи бештари сармоя ба лоиҳаҳои афзалиятнок ҷиҳати рушди соҳаҳои инфрасохтор, саноат, бахши хусусӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ ва дастгирии соҳибкорӣ зарур шумурда шуд.

Инчунин, ҷонибҳо масъалаҳои маблағгузории лоиҳаҳои коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзию канданиҳои фоиданокро аз бахшҳои дигари ҳамкорӣ номида, ҳамзамон таъкид намуданд, ки дар Тоҷикистон барои амалисозии онҳо тамоми имкону захираҳо мавҷуд аст.

Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ – созмони байнулмилалии молиявие мебошад, ки таъсиси он аз ҷониби Чин пешниҳод шуд. Ҳадафҳои асосии Бонк ҳавасмандгардонии ҳамкориҳои молиявӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, маблағгузории лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар Осиё аз сохтмони роҳҳо ва фурудгоҳҳо то мавҷгирҳои коммуникатсионӣ ва манзилҳо унвон шудааст.

Нимаи дуюми рӯзи 17 май президентиТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади идомаи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва иштирок дар ҳамоиши якуми Саммити “Осиёи Марказӣ-Чин” ба шаҳри Сиан ташриф овард.

Боз киҳо ба “Роғун” пул доданро ваъда карда буданд?

Ёдрас мекунем, ки қаблан Бонки исломии рушд (БИР) дар бораи ҷудо кардани маблағ ба сохтмони НБО “Роғун” хабар дода буд. Зимни вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби президенти Гурӯҳи БИР Мансур Мухтор рӯзи 7 феврали соли равон доир ба маблағгузорӣ ба татбиқи лоиҳаи сохтмони неругоҳи “Роғун” тавофуқ ҳосил шуда буд.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода зимни нишасти матбуотии рӯзи 14 феврал изҳор дошт, ки дар ин вохӯрӣ ҷонибҳо дар бораи ҷудо кардани 250 млн доллар ба Тоҷикистон, ки ба сохтмони НБО “Роғун” равона гардидани 150 млн доллараш ба нақша гирифта шудааст, ба созиш расидаанд. Дар доираи сафари корӣ Мансур Мухтор ҳамчунин бо ҷараёни сохтмони иншооти НБО “Роғун” шинос шуд.

Ҷараёни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷин Лисун. Акс аз Хадамоти матбуоти сарвари давлат

Завқӣ Завқизода зикр карда буд, ки айни замон корҳо оид ба таҳияи лоиҳаи созишномаи дахлдор дар ин бора ҷараён доранд. Ӯ таъкид дошт, ки БИР асосан ба сифати қарзҳои имтиёзнок кумаки молиявӣ пешниҳод мекунад, лекин дар ин ҳолати мушаххас он аз таркибҳои грант ҳам иборат аст.

Дар робита ба ҷалби маблағҳои шарикони дигари рушд барои татбиқи лоиҳаи НБО “Роғун” Завқизода зикр кард, ки “дар ин самт вазорату идораҳои дахлдор бо мададрасонони имконпазири байнулмилалӣ фаъолона кор мекунанд”.

Вазорати энергетикаи Тоҷикистон аввали моҳи феврали соли ҷорӣ хабар дода буд, ки ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди ҷалби сармояи созмонҳои байнулмилалии молиявӣ баҳри сохтмони неругоҳи “Роғун” гуфтушунидҳо мегузаронад.

Бино ба иттилои ин ниҳод, айни замон барои амалисозии пурраи лоиҳаи сохтмони неругоҳи “Роғун” на камтар аз 5 млрд доллар маблағ лозим аст. Охири моҳи декабри соли гузашта президенти кишвар зимни ироаи паём ба парлумон зикр кард, ки соли 2022 барои анҷоми корҳои сохтмон дар неругоҳи “Роғун” 3,2 млрд сомонӣ (ҳудуди 315 млн доллар) равона гардид. Бо назардошти маблағгузории пешин аз соли 2008, барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” аллакай беш аз 40 млрд сомонӣ харҷ шудааст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...