spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Тамоюли коҳиши қарзи хориҷии Тоҷикистон идома дорад

То аввали семоҳаи аввали соли 2023 ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон 3 млрд 211,7 млн долларро ташкил дод, хабар медиҳад Вазорати молияи ҶТ. Ин нишондиҳанда 16,6 млн доллар камтар дар муқоиса бо аввали соли равон аст.

Бино ба маълумоти Вазорати молия, дар ҳаҷми умумии қарзи беруна 3 млрд 71 млн доллараш ба қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хидматрасониҳои ҳукуматро таъмин мекунад.

Ҳаҷми қарзҳо бо кафолати давлатӣ ба аввали семоҳаи дуюм 140,5 млн долларро ташкил медиҳад. Боқимонда 3,8 млн доллар – қарзҳои Бонки миллии Тоҷикистон ба Хазинаи байнулмилалии асъор (1,9 млн доллар) ва Бонки исломии рушд ( 1,9 млн доллар) мебошанд.

Quote Icon

Тайи соли ахир тибқи маълумоти Вазорати молия, ҳаҷми қарзи хориҷӣ 15,4 млн доллар кам шуда, рушди воқеии ММД 8%-ро ташкил дод. Ҳаҷми номиналии ММД дар соли 2022 ба андозаи 16 млрд сомонӣ (1,5 млрд доллар) зиёд шуд.

Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон Бонки содиротиву воридотии Чин аст, ки ҳаҷми қарзи ҷумҳурӣ аз он зиёда аз 1 млрд долларро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Хазинаи байнулмилалии асъор, Бонки исломии рушд қарзҳои нисбатан зиёд дорад. Дар сохтори қарз евробондҳо (500 млн доллар) низ мавҷуданд, ки соли 2017 барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” ҷалб шуда буданд.

Мувофиқи қонун дар бораи Буҷети давлатӣ, соли 2023 барои пардохти қарзи беруна равона кардани беш аз 2 млрд 347 млн сомонӣ (230 млн доллар) ба нақша гирифта шудааст.

Қаблан моҳи феврали соли гузашта Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байнулмилалии асъор пас аз баргузории баҳогузориҳои дахлдори муштарак ҷумҳуриро аз хавфи буҳрони қарзӣ огоҳ намуда буданд. Хавфи буҳрони қарзиро коршиносони ин ниҳодҳо ба омилҳое чун касри доимии буҷети кишвар, истифодаи зиёди қарзҳои беимтиёз, аз ҷумла ҷалби 500 млн доллар аз ҳисоби облигатсияҳои давлатӣ (евробондҳо) дар бозорҳои байнулмилалии молиявӣ бо меъёри 7,12% дар соли 2017 рабт дода буданд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...