Дар ноҳияи Истаравшани вилояти Суғд падар аз зарби корди писар ҷароҳат бардошт.
Роҳбари маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд Акбар Шарифов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба гумони даст доштан дар ин амал сокини 35-солаи шаҳри Истаравшан Н.И. боздошт шудааст.
«Маълум шуд, ки рӯзи 27 июл дар манзилашон миёни гумонбаршуда ва падараш муноқиша сар зада, ӯ ба шиками падараш бо корд зарба мезанад, ки дар натиҷа ӯ ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шудааст», – иброз дошт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи 110, қ 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки барои ҳаёти инсон хавфнок мебошад) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.