Як сокини ҷавони шаҳри Душанбе ҳамсоли худро тo марг лату кӯб кард.
Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино марди 51-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки рӯзи 15 август дар назди яке аз биноҳои истиқоматӣ ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Душанбе бо писари 22-солааш муноқиша намуда, ӯро лату кӯб намудааст.
Гуфта мешавад, дар натиҷа, писараш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Зимнан зикр мегардад, ки гумонбаршуда, айни замон дастгир шуда, ҳодисаи мазкур таҳти тафтишот қарор дорад.