Рӯзи 19 август ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 24-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Восеъ ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди маҳаллаи Нонбойи-Поён бехтарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ноболиғон: духтарчаи 1-сола, писарчаи 5-сола ва ҷавони 15-сола, истиқоматкунандагони шаҳри Кӯлобро пахш намудааст.
Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, дар натиҷа ҷавони 15-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона мунтақил шудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст. Пиёдагардони хурдсоли дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Гуфта мешавад, ҳамчунин санаи 20 август ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 54-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ” аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар канори рости роҳ чаппа шудааст. Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур зани 47-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.