Бепарвоӣ ва эҳтиётро фаромӯш кардан дар муносибат бо силоҳи оташфишон ба марги як корманди милиса дар фурудгоҳи Душанбе боис гардид.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе хабар дод, ин ҳодисаи фоҷеабор шаби 19 август дар шуъбаи милисаи назди фурудгоҳ рух додааст.
Бино ба гуфтаи манбаъ, ду корманди милисаи ин шуъба бо таппончаҳои Макарови худ бо ҳам шӯхиву бозӣ карда, ногаҳон аз яке аз онҳо тир холӣ шудааст. Аз захми тир лейтенанти милиса Элдар Носирови 21-сола дар бемористон ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 20 август ҷасади корманди милдисаи ҳалокшуда дар яке аз оромгоҳҳои шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.
Наримон Носиров, падари милисаи ҳалокшуда, яке аз кормандони собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ буда, айни замон ба ҳайси сардори Осоишгоҳи «Садбарг»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар дараи Ромит фаъолият мекунад.
Як манбаъи «Азия-Плюс» дар ВКД ин хабарро тасдиқ намуда, вале аз шарҳи ҷузъиёти масъала худдорӣ варзид.