Дар қаламрави деҳаи Деҳмойи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд рӯзи 25 август як автомашинаи боркаш ду сарбози Гвардияи миллии Тоҷикистонро, ки канори роҳ мерафтаанд, пахш кард.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, ронандаи автомашина, сокини маҳаллӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, сарбозонро бо автомашинааш пахш намудааст.
Аз ҷароҳатҳои гирифта сокини 20-солаи шаҳри Турсунзода, ки якуним сол қабл ба хизмати ҳарбӣ дар Гвардияи миллӣ даъват шуда буд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, сарбози дигар, ки шахсияташ то ҳол маълум нашудааст, бо ҷароҳатҳои сершумор дар шуъбаи эҳёгарии бемористони маҳаллӣ бистарӣ шудааст.
Зимнан зикр гардид, ки ҷасади сарбози ҳалокшуда имрӯз ба шаҳри Турсунзода интиқол дода мешавад.



