Ҳавопаймое, ки субҳи рӯзи панҷшанбе аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Маскав раҳсипор шуд, таъҷилан дар фурудгоҳи «Курумоч»-и шаҳри Самараи Русия фуруд омад.
Директори шуъбаи ёрии таъҷилии тиббии шаҳр Евгений Гордон ба хабаргузории
63.ru
дар ин робита иттилоъ додааст, ки зимни парвоз вазъи солимии яке аз мусофирзанони ҳавопаймо, ки амрози дил доштааст, бад шуда, 13 дақиқа пеш аз нишастани ҳавопаймо гурӯҳи табибон дар фурудгоҳ ҳозир шудаанд.
Гуфта мешавад, баъди нишастани ҳавопаймо дар фурудгоҳ ба ин зан кумаки тиббӣ расонида шуда, сипас вақте ки зан аз дарди меъда ҳам шикоят мекунад, ӯро ба бемористон мебаранд. Ҳавопаймо бо 189 мусофир ба парвози худ идома додааст.
Дар ҳамин ҳол,
«Интерфакс»
иттилоъ медиҳад, ки ҳавопаймои Airbus-321, ки дар фурудгоҳи шаҳри Самара таъҷилан фуруд омад, ба ширкати ҳавопаймоии «Сибир»-и Русия мутааллиқ аст.