Нимаи аввали рӯзи 26 август дар роҳи нақлиётгарди “Анзоб-Майхура” дар ағбаи “Анзоб”-и ҳудуди ноҳияи Айнӣ аз кӯҳ сангпораҳо фаромада, ба чархи автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер”, таҳти идораи ронанда, марди 41-солаи сокини ш. Истаравшан бархӯрдааст, ки аз зарби он автомашина ба чуқурии 200 метр чаппа шудааст.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар натиҷа, худи ронанда ва мусофираш ҷавони 25-солаи сокини ш.Душанбе ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Гуфта мешавад, ҳамчунин, рӯзи 25 август ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди “Душанбе-Истаравшан-Хуҷанд”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба бетони канори рости роҳ бархӯрдааст, ки дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур марди 40-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҷароҳати вазнини чисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.