Шаби 10 сентябр дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Аз хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки рӯзи 10 сентябр, соати 02-03-и шаб дар қаламрави ҷумҳурӣ заминларза рух дода, маркази он дар 285 километрии ҷанубу шарқи Душанбе, дар қаламрави кишвари ҳамсояи Афғонистон қарор доштааст.
Зимнан зикр гардид, ки иқтидори заминларза дар маркази он – 3-4 балл ва шаҳри Душанбе – 2-3 баллро ташкил додааст.