Дар вилояти Суғд як мард бо зарбаҳои марговари корд ҳамсарашро кушта, моиндари ӯро захмӣ кард.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъи боэътимод аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят хабар дод, чанде қабл шомгоҳон сокини 53-солаи ҷамоати Ҳаёти Нави ноҳияи Ҷаббор Расулов Ю.А. зимни муноқишаи оилавӣ бо зарбаҳои корд ҳамсари 49-солааш Ю.М.-ро кушта, моиндари 54-солаи ӯ М.М.-ро захмӣ кардааст ва сипас аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ба иттилои манбаъ, аз ҷароҳатҳои бардошта Ю.М. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, моиндари ӯ бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористони маркази ноҳия бистарӣ шудааст.
«Аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи 104, қисми 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҷиҳати боздошти ҷинояткор тадбирҳо роҳандозӣ шуданд», – афзуд сарчашмаи хабар.