Бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе -Чанок 4 нафар ба ҳалокат расиданд, ки як тан аз онҳо ноболиғ мебошад.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 15 ноябр дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хушекати ноҳияи Айнӣ, дар роҳи нақлиётгарди Душанбе-Чанок аз сабаби боришоти зиёди барфу борон аз кӯҳ сангпораҳо фаромада, ба автомашинаи тамғаи “Хундай-Старекс”, таҳти идораи марди 32-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ бархӯрдаааст, ки дар натиҷа автомашина ба ҷуқурии 300 метр чаппа шудааст.
Гуфта мешавад, бар асари ин ҳодиса ронандаи автомашина ва мусофирони он: марди 68-сола, зани 58-сола ва духтарчаи 6-солаи сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки духтарчаи 2-солаи сокини ҳамин ноҳия ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.