Се нафар муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ, ки барои будубоши ғайриқонунӣ дар қабулгоҳи махсуси вилояти Нижний Новгород нигаҳдорӣ мешуданд, бо истифода аз як қисм (асбоб)-и кат ҷойи девори аз хишт холии ҳуҷраашонро сӯрох намуда, аз ин муассиса гурехтаанд.
Хабаргузории
Lifenews.ru.
дар ин робита менависад, онҳо матоъи ҷойхобашонро ба ҳам пайваст баста, тариқи он аз ошёнаи дуюм ба берун поин фаромадаанд.
– Онҳо мусалмонанд ва катро бо матоъи ҷойхоб мепӯшониданд, аз ин рӯ, касе дарҳол ин амалро пай набурдааст, – шарҳ додааст ин қазияро як манбаъ аз Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар вилояти Нижний Новгород.
Аммо баъдтар маълум шудааст, ки фирор натанҳо бо ин сабаб, балки боз дар натиҷаи дар хоб будани посбони қабулгоҳ муясссар шудааст, ки бояд ҳар як соат қаламрави қабулгоҳро давр мезад, вале хобаш бурдааст.
Гуфта мешавад, ба ҷуз се нафар фирориён, дар ин ҳуҷра боз се нафари дигар муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳам ҳузур доштаанд, вале онҳо аз гурехтан худдорӣ кардаанд. Яке аз фирориён Самариддин Рустамов чанд моҳ қабл низ пеш аз ҷарроҳӣ аз бемористон гурехтанӣ шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки феълан фирориён мавриди ҷустуҷӯ қарор дошта, дар Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷират дар вилояти Нижний Новгород санҷиши дохилӣ ҷараён дорад.