Самариддин Рустамов, ташаббускори фирор аз қабулгоҳи махсус барои муҳоҷирни кории ғайриқонунӣ дар вилояти Нижний Новгороди Русияро якумра аз қаламрави Русия хориҷ мекунанд. Ин қарор дар сатҳи Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия қабул шудааст.
Бино ба маълумоти хабаргузории Lifenews дар ин робита, Рустамов чанд моҳ қабл низ кӯшиш кардааст, ки худсарона пеш аз ҷарроҳӣ бемористонро тарк намояд. Ӯро аз қабулгоҳ ба бемористон ба гумони бемории варами кӯррӯда (аппендитсит) оварда будаанд.
Ёдрас мекунем, ки
се нафар муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ
, ки барои будубоши ғайриқонунӣ дар қабулгоҳи махсуси вилояти Нижний Новгород нигаҳдорӣ мешуданд, бо истифода аз як қисм (асбоб)-и кат ҷойи девори аз хишт холии ҳуҷраашонро сӯрох намуда, аз ин муассиса гурехтаанд.
Айни замон фирориён мавриди ҷустуҷӯ қарор дошта, тамоми ҳолатҳои ин ҳодиса муайян карда мешаванд ва дар Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷират дар вилояти Нижний Новгород санҷиши дохилӣ ҷараён дорад.
Дар ҳамин ҳол, васоити ахбори умуми Русия дар бораи шаҳрвандони кадом кишвар будани муҳоҷирони фирорӣ маълумоти гуногун иттилоъ медиҳанд. Дар баъзе хабаргузориҳо гуфта мешавад, ҳамаи фирориён шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Дар чанде аз сомонахои дигар зикр мегардад, ки онҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон мебошанд.