Садои таркиши норинҷак (граната)-ҳои равшанидиҳандаву пурсадо дар макони будубоши доимии Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН), воқеъ дар мавзеи наздикии Сирки шаҳри Душанбе сокинони пойтахтро ба таҳлука овард.
Аксари сокинони маҳаллаҳои аҳолинишин, кормандони корхонаҳои давлативу хусусӣ ва роҳгузарон аз ин мавзеъ аз садои тарикшу тирпаррониҳо аз силоҳи гуногун ба изтироб омада, бисёре аз онҳо шитоб доштанд, ки ҳарчӣ зудтар ин ҷоро тарк кунанд.
Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН) ба чорабинии тантанавӣ бахшида ба солгарди навбатии таъсисёбии ин сохтори ВКД омодагӣ мегирад, ки ҳамасолаи санаи 5 декабр ҷашн гирифта мешавад.
Ба гуфтаи манбаъ, дар чорабиниҳои омадагӣ ба ҷашн кормандони ин сохтор аз тирҳо ва маснӯоти пиротехникии безарар истифода мекунанд, ки барои ҳаёти мардум ҳеҷ хавфе надоранд.