Соати 12:50 дақиқаи вақти маҳалли имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон заминларза рух дод. Маркази заминларза бо қувваи 7,2 балл дар ноҳияи Мурғоб, 93 километрии шаҳраки Мурғоб, 138 километрии шимолу шарқи шаҳри Хоруғ муайян шудааст.
Бино ба иттилои Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои ҶТ, маркази заминҷунбӣ дар километри 357-уми ҷанубу шарқи Душанбе ва дар километри 22-юм аз кӯли Сарез воқеъ будааст
Ба иттилои зилзилашиносон, дар марказ қувваи заминларз 7-8 балл ва дар Душанбе 4 баллро ташкил додааст. Дар мавриди талафоти молию ҷонӣ маълумот нарасидааст.
Ёдрас мекунем, ки бар асари заминларзаи моҳи октябр дар қораи Осиё 385 нафар, аз ҷумла дар Покистон – 267 нафар, Афғонистон – 115 нафар ба ҳалокат расида, дар Покистон беш аз 10 ҳазор манзили сокинон хароб шуд. Он замон қувваи заминларза дар маркази он – шимоли Афғонистон дар кӯҳҳои Ҳиндукуш 7,5 балл арзёбӣ шуда буд.