Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Боз як қурбонии заминларза дар Бадахшон - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Боз як қурбонии заминларза дар Бадахшон

28
28



Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон дар бораи боз як қурбонии заминларзаи шадид дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод.

Сухангӯи Кумита Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар километри 70-уми роҳи мошингарди Рӯшон – Бартанги ВМКБ автомашинаи кормандони милиса зери сангу кӯҳпораҳо монда, як тан аз кормандони милиса ҳалок ва боқимонда се нафари дигар бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, айни замон муайян карда шудааст, ки бар асари офати табиӣ дар ВМКБ ду нафар ҳалок ва 13 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки дар километри 462-юми роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ бар асари заминларза автомашинаи навъи «Далан» зери сангу кӯҳпораҳо монда, ронандаи он – сокини шаҳри Норак Ҷонӣ Ғаниев ба ҳалокат расид.

Тибқи маълуомти то ин замон расида, бар асари заминларза дар ВМКБ беш аз 500 манзил хароб гардида, аз заминларза аз ҳама бештар водии Бартанги ноҳияи Рӯшон осеб дидааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба ҷамъоварии маълумот оид ба ҳаҷми зиёни расида аз заминларза дар ҷумҳурӣ идома медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки

бар асари заминларзае

, ки нимаи рӯзи 7 декабр дар қаламрави Тоҷикистон рух дод, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хисороту осеб ба қайд гирифта шуд. 

Бино ба ба маълумоти Муассисаи илмии «Хадамоти геофизикӣ»-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази заминларза  дар 357 км  ҷанубу  шарқ аз  шаҳри Душанбе ва километри 22-юм аз кўли Сарез  ҷойгир буда,  қувваи он дар марказ 7-8 бал, дар Сарез  5-6  ва  дар шаҳри  Душанбе    3-4  балро  ташкил дод.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», имрӯз бо супориши Президенти мамлакат таҳти роҳбарии муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим барои бартараф сохтани оқибатҳои заминларзаи шадид дар вилояти Бадахшон комиссияи ҳукуматӣ таъсис дода шуд. Ба комиссияи мазкур роҳбарони аввали вазоратҳои нақлиёт, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар вазорату идораҳои масъул шомиланд. 

Гурӯҳҳои кории  вилоятӣ таҳти  роҳбарии  муовини раиси вилоят  Тоҷиддин Назришоев  ба  ноҳияи  Рӯшон  ва    таҳти роҳбарии  муовини раиси  вилоят Исрор Исроров ба ноҳияи  Шуғнон  сафарбар шуданд.  Дар ҷойи ҳодиса   гурӯҳи кории ҳукумати ноҳия ва вилоят қарор доранд.

Қобили зикр аст, ки бар асари заминларзаи моҳи октябр дар қораи Осиё 385 нафар, аз ҷумла дар Покистон – 267 нафар, Афғонистон – 115 нафар ба ҳалокат расида, дар Покистон беш аз 10 ҳазор манзили сокинон хароб шуд. Он замон қувваи заминларза дар маркази он – шимоли Афғонистон дар кӯҳҳои Ҳиндукуш 7,5 балл арзёбӣ шуда буд. 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...