Ягона роҳи мошингард миёни маркази ноҳияи Рӯшон ва водии Бартанги ВМКБ, ки аз
заминларзаи 7 декабр
аз ҳама бештар зарар дид, бар асари фаромадани сангу кӯҳпораҳои зиёд баста боқӣ мемонад.
Ғайр аз ин, чархболҳои Вазорати мудофиаи
бо дастури президент барои кумак сафарбаршуда
низ ба далели номусоидии обуҳаво аз маркази ноҳияи Рӯшон ба водии Бартанг парвоз карда наметавонанд.
Сухангӯи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки агар обуҳаво имкон диҳад, Вазорат омода аст, ки боз се чархболашро барои расонидани кумак сафарбар намояд.
Дар ҳамин ҳол, роҳбари шуъбаи робита бо ҷомеаи ҳукумати ВМКБ Нилуфар Асламшоева тариқи телефон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аҳолии бесарпаноҳмондаи Бартанг имрӯз дар биноҳои мактабу хонаҳои аз заминҷунбӣ эминмонда, ҳамчунин 60 хаймаи аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода захирашуда зиндагӣ доранд.
Асламшоева итминон дод, ки аҳолии осебдида бо маҳсулоти ғизойӣ таъмин буда, ин маҳсулотро ҳанӯз тобистон Агентии захираҳои моддии давлатии ҷумҳурӣ ба водии Бартанг ворид карда будааст.
Ба гуфтаи ӯ, раиси ВМКБ Шодихони Ҷамшед муддати ду рӯз пиёда то водии Бартанг расида, айни замон он ҷо қарор дорад.
Муовини нахуствазири Тоҷикистон ва ҳамзамон роҳбари комиссияи ҳукуматӣ Азим Иброҳим дар Хоруғ масъалаҳои кушодани роҳ ба самти водии Бартангро танзим намуда, барои ба иҷро расидани ин кор ба роҳ техникаи зиёд сафарбар шудааст.
Нилуфар Асламшоева ҳамчунин изҳор кард, ки ҳодисаҳои заминларза дар ноҳияи Рӯшон идома дошта, рӯзи 9 декабр заминларзаи начандон сахт ба сангфароӣ дар маркази ноҳия боис гардида, бар асари он девори мактаб-интернат ва автомашинаи ҳукумати маҳаллӣ каме осеб диданнд.
Ёдрас мекунем, ки
дар маҷлиси ҳукумати ҷумҳурӣ
зикр гардид, ки дар қаламрави вилояти Бадахшон бар асари заминлраза 237 хона пурра ва 588 хона қисман вайрон шудаанд. 214 хонаи пурра ва 205 хонаи қисман зарардида ба ноҳияи Рӯшон рост меояд. Ҳамчунин иншооти зиёди иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу китобхона ва дигар муассисаҳо қисман зарар дидаанд. Бошандагони ҳамаи 237 хонаи пурра харобшуда дар ҷойҳои зисти муваққатӣ ҷойгир ва бо маводи ғизоӣ, сарулибос ва дигар ашёи зарурӣ таъмин карда шудаанд.



