Шоми рӯзи 9 декабр, тақрибан соати 18-30 дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти корҳои дохилии пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, оташ ду синфро фаро гирифта, аз сӯхтор касе осеб надидааст.
Бино ба гуфтаи манбаъ, дастаҳои оташнишонии саривақт ба ҷойи ҳодиса ҳозиршуда базудӣ сарчашмаҳои алангаи оташро хомӯш кардаанд.
Зимнан зикр гардид, ки бар асари расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ сар задани сӯхтор аз эҳтимол дур дониста намешавад. Маблағи зиёни расида муайян карда мешавад.



