Чархболи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон субҳи имрӯз кумаки аввал ба аҳолии аз заминларза осебдидаро то водии Бартанг расонида, дар роҳи бозгашт 25 нафар сокинони бештар ба кумак ниёзмандро ҳамроҳ гирифт.
Роҳбари шуъбаи робита бо ҷомеаи ҳукумати ВМКБ Нилуфар Асламшоева тариқи телефон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз шумори умумии кӯчонидашудагон 4 нафарашон бемор, 12 нафар – кӯдакон ва боқимонда афроди бесарпаноҳмонда мебошанд.
«Беморон дар бемористонҳои ноҳия бистарӣ шуда, боқимонда муваққатан дар мактабҳо ва манзили хешовандонашон ҷойгир шуданд», – қайд кард Асламшоева.
Ба гуфтаи ӯ, нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва ҳамроҳони ӯ – вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Хайриддин Абдураҳимов чанде пеш тариқи чархбол ба водии Бартанг раҳсипор шудаанд, то ки бо вазъи кӯли Сарез пас аз заминларза аз наздик ошно гардида, бо аҳолии осебдида мулоқот анҷом диҳанд.



