Ҳайати комиссияи ҳукумат иборат аз роҳбарони вазорату идорахои дахлдори ҷумҳурӣ таҳти сарварии нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода субҳи имрӯз ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон раҳсипор шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, ҳадаф аз сафар, ки бо дастури президенти мамлакат сурат мегирад, аз наздик шинос шудан бо вазъи кӯли Сарез пас аз заминдарзаи рӯзи 7 декабр аст.
Зимнан зикр гардид, ки дар маркази ноҳияи Рӯшон Қоҳир Расулзода ҳамчунин бо аҳолии аз заминларза осебдида мулоқот мекунад.
Ёдрас мекунем, ки бар асари заминларзае, ки нимаи рӯзи 7 декабр дар қаламрави Тоҷикистон рух дод, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хисороту осеби зиёд ба қайд гирифта шуд.
Маркази заминларза дар 357 км ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе ва километри 22-юм аз кӯли Сарез ҷойгир буда, қувваи он дар марказ 7-8 бал, дар Сарез 5-6 ва дар шаҳри Душанбе 3-4 балро ташкил дод.



