Корманди нуқтаи мубодилаи асъор (саррофӣ)-и бозори «Фаровон»-и шаҳри Душанбе пас аз ҷаримабандӣ ба маблағи 120 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Бонки миллӣ, дар хонааш худро ба дор овехта, худкушӣ кардааст.
Бино ба иттилои
Радиои Озодӣ
, Алихон Азимов, як сарроф, ки аз 8 сол ба ин тараф дар бозори “Фаровон”-и Душанбе фаъолият дошт, шаби якшанбе ба душанбеи ҳафтаи гузашта худро дар манзилаш дар ноҳияи Рӯдакӣ ба дор овехтааст. Ҷасади ӯро рӯзи душанбеи 7 декабр дар зодгоҳаш деҳаи Қарағочи ҷамоати Тугараки ноҳияи Восеъ ба хок супурданд.
Олим Азимов, бародари Алихон Азимов гуфтааст, ки ангезаи худкушии бародарашро намедонад, аммо ин ҳодиса дар ҳоле рух додааст, ки Алихон Азимов чанд рӯзи пеш ба дунболи баста шудани саррофиҳо, 120 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда буд.
Азимов, бародари Алихон Азимов рӯзи 13 декабр дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфтааст, ки бародараш дар бораи қарздориаш чизе нагуфта буд, аммо шояд касе ӯро фиреб додааст: “Ҳисобу китоб мекунам, намедонам, чаро бародарам даст ба чунин кор зад.”
Олим Азимов иброз доштааст, ки, ки ҳатто ҳамсари бародараш огаҳ набудааст, ки шавҳараш қасди худкушӣ дорад. Алихон танҳо дар як коғаз навиштааст, ки “ҳисобу китобҳоро баробар кунед, хонаҳоро бифурӯшед ва қарзи мардумро диҳед”. Алихон дар ин “васиятнома”-и худ нагуфтааст, аз кӣ ва чӣ миқдор пул қарздор аст.
Олим мегӯяд, вақте бародарашро ба миқдори 120 ҳазор сомонӣ ҷарима баста буданд, ниҳоят дар ҳолати изтироб қарор дошт ва ба истилоҳи бародараш, “талхакаф” шуда буд. Ба қавли Олим Азимов, 1-2 рӯзи пеш ба бародараш занг зада буданд, ки дар ҳаҷми 120 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст ва онро бояд пардохт кунад.
Олим Азимов мегӯяд, ки аз ин қабл додситонӣ дӯкони онҳоро мавриди тафтиш қарор дода буд ва касса ва ё хазинаи онҳо бо доштани 100 ҳазор сомонӣ, расмӣ фаъолият мекард. Ба гуфтаи вай, ҳини тафтиши додситонӣ як мард аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҳашт ҳазор сомонӣ вориди нуқтаи саррофии онҳо шуда ва онро ба бародараш дода ва гуфтааст, ки фалон одам омада онро мегирад. Чун дӯкондорон ҳамдигарро мешиносанд, бародараш он пулро қабул кардааст. Баъд аз ҳамин, рӯзи ҷумъа ба онҳо занг зада ва мегӯянд, ки бояд 120 ҳазор ҷарима бисупорад.
Гуфта мешавад, Алихон Азимов 32 сол дошт ва дар дарвозаи якуми бозори “Фаровон” саррофӣ мекард. Аз ӯ чаҳор фарзанд боқӣ мондааст. Олим Азимов гуфтаат, ки ҳоло барои иҷрои васияти бародараш, ҳам хонаи худ ва ҳам хонаи бародари марҳумаш Алихон ва ҳам хонаи яке аз бародарони дигарашро ба фурӯш гузоштаанд.
Мақомоти дахлдори ноҳияи Восеъ ва шаҳри Душанбе барои шарҳи ҳодисаи мазкур дастнорасанд. Дар шуъбаи навбатдории ВКД дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки дар қаламрави он ин ҳодиса рух додааст, иттилохъ доданд, ки аз ин ҳодиса огаҳӣ надоранд. Дар шуъбаи навбатдории ВКД Тоҷикистон изҳор доштанд, ки барои шарҳу тавзеҳи қазияи мазкур башуъбаи ВКД дар ноҳияи Сино муроҷмиат кардан зарур аст.



