Дар роҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода, дар қаламрави ноҳияи Ҳисор нимашаби рӯзи 21 декабр ронандаи автомашинаи тамғаи “Волфсваген-Голф”, марди 32-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, автомашина ба канори рости роҳ чаппа шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар натиҷа автомашина оташ гирифта, ронанда ва мусофири дохили он, марди 35-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.
Рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта боз як садамаи нақлиёт рух дод: ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, марди 34-солаи сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат дар ҳолати мастӣ, дар кӯчаи И.Сомонии шаҳраки Фархор, дар рӯ ба рӯи бинои Ҳукумати ноҳия, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагард, зани 53-солаи сокини ҳамин ноҳияро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа пиёдагард, Қазакова М.Б., ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Нарзуллоев Ш. ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷиноят дастгир карда шудааст.