Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия зани 42-солаи сокини Ҷиликулро бо гумони даст доштан дар ҷиноятӣ куштор дастгир намуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, муайян карда шудааст, ки санаи 20 декабр, тахминан соати 21:30-дақиқа гумонбашуда, дорои касалии рӯҳӣ будаааст, дар хонаи истиқоматиаш аз набудани шавҳараш, марди 53-сола, истифода бурда, фарзандони ноболиғаш, ду писарбача, яке 6-сола ва дигари 11-соларо бо истифода аз корди ошхонагӣ ба ҳалокат расонидааст.
Гуфта мешавад, ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.