Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои ҷустуҷӯйӣ як духтарчаи мактабхони дар шаҳри Ваҳдат гумшуда рӯзи 25 декабр дар шаҳри Душанбе дарёфт шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, қарибиҳои бегоҳи рӯзи 23 декабр Ҷамила Султон Алии 10-сола, сокини ш. Ваҳдат аз мактаби таҳсилоти умумии №3-и ҳамин шаҳр баромада, бо хонаашон барнагаштааст. Волидайни духтарча оиди ҳодисаи гум шудани фарзандашон рӯзи 24-уми декабр ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат муроҷиат намуданд.
Гуфта мешавад, пас аз бурдани чорабиниҳои кофтуковӣ, муайян карда шудааст, ки Ҷамила Султон Алӣ ҳамроҳи дугонааш Меҳрона бо мақсади дидорбинии хешованди дугонааш, ба самти ш. Душанбе рафта, аз сабаби роҳгум заданашон дар кӯчаю гулбоғҳои ш. Душанбе тайи ду рӯз гашта, дар таги биноҳои истиқоматӣ шаб гузаронидаанд. Бегоҳи 25-уми декабр онҳо дарёфт шуда, ба манзили истиқоматиашон баргардонида шуданд.