Соати 01-05 дақиқаи вақти маҳаллии шаби 12 ба 13-уми январ дар қаламрави Тоҷикистон заминларза эҳсос шуд.
Аз Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки маркази заминларза дар 282 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, дар қаламрави Афғонистон ҷойгир будааст.
Қувваи заминларза дар марказаш 5 балл, шаҳри Душанбе – 4 балл ва дар ноҳияҳои Рашту Ёвон – 3 баллро ташкил додааст.
Қобили зикр аст, ки ахиран заминларза дар Тоҷикистон рӯзи 8 январ рух дода, қувваи он дар Душанбе 3 баллро ташкил дода буд.
Заминларзаи бештар харобиовар дар қаламрави Тоҷикистон ахиран санаи 7 декабри соли гузашта рух дода буд, ки бар асари он дар қаламрави ВМКБ беш аз 1,3 ҳазор манзил қисман ё пурра хароб гардида, ҳудуди 8 ҳазор нафар маҷбур шуданд, ки манзилҳояшонро тарк кунанд.
Ҳамчунин аз ин заминларза иншооту зербинои муҳим, аз ҷумла роҳу муассисаҳои тиббӣ, мактабу нерӯгоҳҳои барқӣ низ осеб диданд.