Геологҳои тоҷик итминон медиҳанд, ки сарбанди табиии кӯли Сарез, ки ҳангоми заминҷунбӣ ба вуҷуд омадаасту ҳамчун сарбанди Усой маъруф аст, ба ҳама гуна заминларза тобовар аст.
«Мо бо итминон гуфта метавонем, ки ҳеҷ як заминларза сарбанди кӯли Сарезро рахна карда наметавонад», – изҳор дошт ба журналистон сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Мурод Хол.
Ӯ заминларзаи харобиовари
моҳи декабр
дар наздикии кӯли Сарезро қайд карда, изҳор дошт, ки таъсири ин заминларза муддати то шаш моҳ эҳсос хоҳад шуд. «Маъмулан заминларзаҳо аз ду то шаш моҳ пурра хотима меёбанд. Қувваи даҳсолаҳо зери замин нуҳуфта дар як лаҳза бо қувваи бузург берун омада, сипас муддати шаш моҳ тадриҷан хомӯш мешаванд», – таъкид дошт номбурда.
Ба қавли ӯ, муҳим он аст, ки бар асари заминларзаи моҳи декабр иловатан зич (ҷафс) шудани сарбанд сурат нагирифт, ки ба коҳиши покшавии об ва мутаносибан болоравии сатҳи об дар кӯл боис мегардад. «Агар чунин ҳолат сурат мегирифт, мо ба мушкилоти зиёд дучор мешудем», – мутмаин аст ӯ.
Мутобиқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукуати ҶТ, бар асари ин заминларза як кӯҳпора (харсанг)-и бузург ба кӯли Сарез афтода, дар натиҷа сатҳи оби кӯл ба андозаи 40-50 сантиметр боло рафт. Ҳамчунин ҳаҷми маҷрои оби дарё, ки аз кӯл ҷорӣ мешавад, низ афзудааст.
Дар ҳамин ҳол, таъсири заминларзаи моҳи декабр то ҳанӯз идома дорад. Ҳамин тариқ, 8 январ назди кӯли Сарез заминларза бо қувваи 3 балл ва соати 01-05-и имрӯз низ дар ин минтақа замин такон хӯрд.
Сарез кӯлест дар Помир, дар кӯҳсори Рӯшон, ки дар баландии 3250 метр аз сатҳи дарё воқеъ аст. Дарозои кӯли Сарез 62 км, паҳнояш 3,3 км, жарфояш то 500 метр аст. Ҳаҷми оби он 17 миллиард метри мукаъаб буда, вазнаш ба ҳисоби миёна ба 19 милён тонна баробар аст.
Ба ғайр аз рӯди Мурғоб, ки аз дарёи Оқсӯи Афғонистон сарчашма мегирад, дар ин кӯл 17 рӯди хурд ва 16 рӯди кӯчаки мавсимӣ мерезанд. Оби изофӣ асосан аз рӯи садд ба поён ҷорӣ мешавад.
Ин кӯл соати 11-у 15 дақиқаи шаби 18 феврали соли 1911 бар асари як зилзилаи сахт ва афтодани кӯҳпора бар сари роҳи рӯди Мурғоб падид омада аст. Дар паи ин зилзила деҳаи Усой дар Бадахшони Тоҷикистон зери хоку санг монда, аз тамоми сокинонаш танҳо як пирмард ва ду писарбача зинда монданд ва 57 нафар дар зери кӯҳпора ҷони худро аз даст доданд. Тамоми ҳайвоноти хонагии онҳо низ талаф шуд. Ҷамъулҷамъ бар асари ин зилзила 105 тан ҷони хешро аз даст дод.